Дар Дарвоз маркази нави рақамӣ бунёд мегардад
86

Дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маркази рақамие бунёд хоҳад гашт, ки ба коркарди гидроэнергияи эҳёшаванда машғул мешавад.

Созишнома дар бораи бунёди маркази рақамӣ рӯзи 25-уми октябр зимни конфронси байналмилалии AI Conf 2025 дар шаҳри Душанбе байни ширкати darya.ai ва яке аз бузургтарин бунёдгарони марказҳои рақамӣ Yotta Data Services баста шудааст.

Маркази нав як қисми инфрасохтори миллии минтақа барои зеҳни сунъӣ ва рушди технологияҳои рақамист. Он комилан бо нерӯи барқи обӣ фаъолият менамояд, ки ба ҳадафҳои Тоҷикистон ҷиҳати рушди технологияҳои сабз ва таҳкими мақоми кишвар ҳамчун маркази минтақавии нигаҳдорӣ ва коркарди маълумот мувофиқат менамояд.

Маркази мазкур эҳтиёҷоти корхонаҳо, муассисаҳои давлатӣ ва стартапҳоро қонеъ гардонида, ба инноватсия ва рушди устувор ҳавасманд месозад. Ин лоиҳа ҳамкориҳои технологиро байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мустаҳкамтар хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД