1xbet
Дар Чин коронавируси нав пайдо шудааст
406

Олимони амрикоӣ дар Чин коронавируси нави HKU5-CoV-2-ро пайдо кардаанд, ки барои ба ҳуҷайраҳои ҷисми инсон гузаштанаш ҳамагӣ як қадами дигар мондааст.

Олимон гуфтаанд, ки ин навъи коронавирус бениҳоят хатарнок буда, ҷаҳонро боз як пандемияи нав фаро гирифта метавонад.

Натиҷаи тадқиқоти олимони амрикоӣ дар маҷаллаи Nature Communications нашр шудааст. Олимони вируси навро кашфкарда бар он ақидаанд, ки ин навъи коронавирус ба оилаи вирусҳои марговари MERS-CoV дохил мешавад. Ин навъи вирус аз уштурҳо ба одамон гузашта, бемориҳои вазнинро ба вуҷуд оварда метавонад.

Олимон ҳушдор додаанд, ки дар сурати паҳн шудани коронавируси нав аз се як ҳиссаи одамони аз ин вируси хавфнок сироятёфта мемиранд.

HKU5 бори аввал дар кӯршапаракҳо аз ҷониби муҳаққиқон дар як лабораторияи чинӣ кашф карда шуда буд ва боиси паҳншавии SARS-CoV-2 гашт, ки пандемияи соли 2020-ро дар ҷаҳон ба вуҷуд оварда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД