Formula 2025 may
Дар чанд ноҳияи ВМКБ боғҳои чормағз бунёд мекунанд
02.05.2025
Oila.tj
167

Дар деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардида, иштирокдорони ҳашар дар майдони 2 гектар зиёда аз 600 бех ниҳоли мевадиҳанда, аз ҷумла 70 бех ниҳоли чормағзи маҳаллӣ шинондаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон иттилоъ додааст, ки дар ҳашари ниҳолшинонӣ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вилоят ва сокинони маҳаллӣ фаъолона иштирок намудаанд.

Раиси вилоят таъкид кардааст, ки тибқи назари мутахассисони соҳа, меваи дарахти чормағзи маҳаллӣ барои саломатии инсон муфид буда, дар шароити ноҳияҳои қисмати ғарбии вилоят аз он дар натиҷаи парвариши хуб ҳосили фаровон ба даст овардан мумкин аст. Иброз гардидааст, ки тибқи нақша, боғҳои чормағзи маҳаллӣ дар ноҳияҳои Рӯшону Дарвоз ва Ванҷ низ бунёд карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД