Commerc banl
Дар Британияи Кабир кӯдаке ба дунё омад, ки аз бачадони зани мурда аст
25.02.2026
Оила
99

Дар Британияи Кабир кӯдаке ба дунё омад, ки аз бачадони зани мурда аст
Дар Британияи Кабир нахустин кӯдаке таваллуд шуд, ки бо шарофати пайванди бачадони як зани мурда ба зани дигар ба дунё омадааст. Дар ин бора Би-би-си хабар додааст.
Тибқи иттилоъи манбаъ, кӯдак писарча буда, Ҳуго ном дорад ва аллакай 10 ҳафтаина шудааст. Волидонаш таваллуди писарашонро мӯъҷиза хонда, ба хонаводаи донор барои "мехрубонӣ ва фидокорӣ" изҳори сипос намудаанд ва гуфтаанд, ки ин тасмими онҳо барояшон "тӯҳфаи бебаҳо" буд.
Амалиётро ҷарроҳони Лондон ва Оксфорд анҷом додаанд.
Пайванди бачадони зани мурда ба зани зинда як кашфиёти беназир мебошад ва метавонад дар оянда мушкили занонеро, ки бо сабаби иллатҳои ҷиддӣ соҳиби фарзанд шуда наметавонанд, ҳал намуда, ба онҳо шанси чашидани лаззати модар буданро диҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД