Arzon accountant
Дар бозорҳои Тоҷикистон чӣ қадар соҳибкор фаъолият доранд?
182

Раёсати Иттифоқи “Тоҷикматлубот” эълон кард, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумораи бозорҳои соҳа 61 ададро ташкил медиҳад. Дар ин бора муовини раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот” Хуршед Раҳмонализода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дар бозорҳо ва дигар иншооти соҳа 20 ҳазору 500 шаҳрвандони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

Ҳамзамон манбаъ хабар дод, ки шумораи бозорҳои соҳа 61 адад буда, ҷойҳои нишаст дар онҳо каме бештар аз 15 647 ададро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар Тоҷикистон 33 ҳазор соҳибкор сабти ном шуда, дар ин росто 25,1 ҳазор субектҳои соҳибкорӣ фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Гуфта мешавад, субектҳои соҳибкорие, ки фаъолияти хешро қатъ кардаанд, бештарашон ба навъи дигари соҳибкорӣ гузаштаанд ва ин маънои муфлис шудану аз соҳибкорӣ даст кашидани онҳоро надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД