Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон барои ҷавонон Маркази шуғли фосилавӣ кушода шуд.
Маркази шуғли фосилавӣ барои ҷавонон дар Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар ҷойгир буда, ҳадаф аз ифтитоҳи он фароҳам овардани имконият барои машғул шудан бо шуғли фосилавӣ ва таҳкими донишу малакаи касбии ҷавонон дар соҳаи технология мебошад.
Дар марказҳои шуғли фосилавӣ зиёда аз 7 ҳазор ҷавонон аз саросари Тоҷикистон ба омӯзиш фаро гирифта шуда, дониш ва малакаи касбии худро дар самти технологияҳои рақамӣ такмил медиҳанд. Марказ ба насли ҷавон барои рушди малакаи касбӣ ва ҳамчун мутахассисони соҳаи технологияҳои рақамӣ ба бозори меҳнат ворид гаштан ёрӣ мерасонад.