Дар шаҳри Бохтар ба оростани арчаи солинавӣ шуруъ кардаанд. Арчаи солинавӣ дар назди Теппаи Қӯрғон - маркази шаҳри Бохтар насб хоҳад шуд.
Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Бохтар, барои ороиши арчаи солинавӣ каму беш 150 ҳазор сомонӣ масраф хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки солҳои қаблӣ арчаи солинавӣ дар назди Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов насб мегардид. Имсол бошад, онро дар ҷойи серодам ва назди иншооти таърихии шаҳри Бохтар насб мекунанд.
Дар назар аст, ки баландии арча 20 метр ва 8 метр паҳноӣ хоҳад дошт. Ҳамзамон, атрофи арчаи солинавӣ, ки ҷойи асосии сайругашти сокинону меҳмонон ва бозии кӯдакон аст, бо хоначаҳои афсонавӣ ва дигар лавозимоти ороишӣ зиннат дода мешавад.