Дар Бохтар 3 ҷавон барои муноқиша дастгир шуданд
05.11.2025
Oila.tj
259

Дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн гардид, ки дар он муноқишаи ду нафар ҷавонзан ва як нафар ҷавонмард инъикос ёфтааст.

Зимнан, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дархост намудаанд, ки нисбати ҳодисаи мазкур баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Бино ба иттилои РВКД дар вилояти Хатлон, дар натиҷаи таҳқиқи навор ҳар се нафари дар навор инъикосёфта муайян ва ба ШВКД дар шаҳри Бохтар дастрас карда шудаанд. Инҳо Латипов Меҳровар Акбарович, санаи таваллудаш 12.10.1995, сокини шаҳри Бохтар, сарбуҳосиби ҶДММ “Дарз”, Ҷураева Тоҷинисо Далерҷоновна, санаи таваллудаш 25.01.2002, Ҷураева Нилуфар Далерҷоновна, санаи таваллудаш 10.04.1995, ҳарду хоҳарон истиқоматкунандагони ноҳияи Ҷайҳун, ҷамоати деҳоти Панҷ, деҳаи Якуми май мебошанд.

Дар натиҷаи таҳқиқи ҳодиса муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Латипов Меҳровар дар вақти шабона ҳангоми машғул шудан ба кироякашӣ ба ҷавонзанон пешниҳоди хизматрасонӣ аз воситаи нақлиёт менамояд, дар ҳамин ҳол, хоҳарон Ҷураеваҳо ҷавоби рад дода, ронандаро дашном медиҳанд. Сипас байни онҳо дар оғоз муноқишаи лафзӣ ва баъдан аз гиребони ҳамдигар кашидан рух медиҳад.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар се дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Бо қарори суд нисбати шаҳрванд Латипов Меҳровар ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10 нишондиҳанда баробар ба 750 сомонӣ ва нисбати хоҳарон Ҷураеваҳо ҷарима ба андозаи 7-нишондиҳандагӣ баробар ба 525 сомонӣ таъин карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД