Дар боғи ботаникии шаҳри
Хуҷанд як занро корд задаанд
Кормандони милитсия дар Хуҷанд як марди 29 соларо бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси дигар дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, ки боздоштшуда дар боғи ботаникии шаҳри Хуҷанд занеро корд кардааст.
Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 21-уми июли соли равон тахминан соати 15:00 дар боғи «Ботаникӣ»-и шаҳри Хуҷанд рӯй дода, Иноятулло Шарипови 29 сола, ки сокини ноҳияи Деваштич мебошад, бо ҷавонзани 29 солаи сокини ноҳияи Шаҳринав, муноқиша намуда бо истифода аз корд ба бадани ҷабрдида 4 маротиба зарба задааст. Дар натиҷа зан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Айни замон нисбати Шарипов Иноятулло бо қисми 2-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.