Субҳи имрӯз дар яке аз боғҳои ҳайвоноти Ӯзбекистон 3 шер ба як мард дарафтода, ӯро пора-пора кардаанд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Прокуратураи генералии Узбекистон хабар додааст.
Ҳодиса дар минтақаи ноҳияи Паркент рӯй дода, бо сабаби кушода мондани дари қафас даррандаҳо тақрибан соатҳои 5-и субҳ аз лонаи оҳании худ баромада, ба як кормандони боғи ҳайвонот дарафтодаанд. Мард кӯшиш кардааст, ки шерҳоро дубора ба қафас андозад, вале даррандаҳо ӯро пора-пора карда, гӯшти қисме аз аъзои баданашро хӯрдаанд.
Кормандони боғи ҳайвонот танҳо соатҳои 9.00 аз сар задани ҳодисаи мудҳиш дарак ёфта, ба пулис хабар додаанд. Ду шерро дубора ба қафас дароварда тавонистанд, шери сеюмро, ки хеле барқаҳр буд, парронданд.
Айни замон кормандони прокуратура, вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомотҳои тафтишотӣ аз пайи тафтиши ин ҳодиса мебошанд.
Боқимондаҳои ҷасади марде, ки шерҳо ӯро пора-пора карданд, барои ташхис ба экспертиза фиристода шудааст.
Аз рӯйи ин ҳодиса барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарии меҳнат нисбат ба масъулини боғи ҳайвоноти Lion Park парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Lion Park –аввалин боғи ҳайвоноти робитавӣ дар Ӯзбекистон мебошад, ки аз моҳи майи соли 2019 фаъолият менамояд. Дар ин боғи ҳайвонот хирс, уқоб, 10 шери калони африқоӣ, 5 шербача ва дигар ҳайвоноти ваҳшӣ зиндагӣ мекунанд.