Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
29.10.2025
Oila.tj
166

Аз 31-уми октябр то 3-юми ноябр дар қаламрави Тоҷикистон зиёдшавии дараҷаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ пешбинӣ мешавад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, баландшавии дараҷаи ифлосшавии ҳаво асосан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе мушоҳида мегардад. Сабаби асосии он ворид шудани хок ва чангу ғубор аз самти ҷанубу ҷанубу ғарб ба кишвар мебошад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, дар ин рӯзҳо зиёдшавии миқдори моддаҳои муаллақ, зарачаҳои андозаашон 10 микрон ва 2,5 микрон дар ҳаво пешбинӣ мегардад, ки метавонад ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонад.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки шаҳрвандон, махсусан кӯдакон, пиронсолон, занони ҳомила ва шахсони гирифтори бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ ва дил дар чунин рӯзҳо бояд эҳтиёткор бошанд ва аз гаштугузори зиёд дар кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт худдорӣ намоянд.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки барои коҳиши таъсири чангу ғубор аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намуда, вақти бештари худро дар дохили бино сипарӣ кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД