Дар миёни ду ид тӯй карданро бисёриҳо аз нигоҳи ислом нораво дониста мегӯянд, ки гӯё зиндагии навхонадорон талх мегаштааст. Мехостам фаҳмам, ки ин андешаҳо заминаи динӣ доранд ё не?
Баҳодур,н.ВАХШ
Посух
Дар ҳақиқат дар баъзе кишварҳои ҷаҳон дар байни идҳои Рамазон ва Қурбон оиладор намешаванд ва никоҳ намекунанд, аммо аз нигоҳи шариати ислом ин ақида ягон асос надорад. Пайғамбарамон (с) бо ҳазрати Оиша (р) дар моҳи Шаввол оиладор шуда буданд. Вақте ки шартҳо ва имконот мусоидат мекунанд, новобаста аз он ки байни ду ид аст ё не, метавонед бемалол никоҳ кунед. Арӯсӣ кардан дар дини ислом ҳамеша ҷоиз аст.