sebiston july new
ДАР БАНДИ ҶОДУ (ҚИСМИ 2)
5372

 ИДОМААШ...

Дар банди ҷоду

Ҷодугар ҳаққашро гирифта кори Ситораро иҷро кард ва рӯзи дигар духтари духтари аз ваъдаи висол болу пар бароварда ошиқашро ба мулоқот даъват намуд. Аз чӣ бошад, ки ин дафъа баробари Ситораро дидан дили Мунис якбора такорӯ шуда рафт. Дар як соли ошноӣ ягон бор дили ҷавон бо дидани ин духтар ин қадар гум назада буд, аз ин рӯ, ба ҳайрат афтида гуфт:

-Ситора, мабодо ту маро дар назди ягон мулло гармӣ накарда бошӣ?!

Рангу рӯйи Ситора бо шунидани ин гап якбора канд ва барои пинҳон кардани ваҷоҳаташ рӯяшро дигар тараф гардонда, бо садои базӯр шунаво ғурунгид:

-Кори дигар надорам, ки туро гармӣ мекунам!

Бо ҳамин ба суҳбат дар мавзӯи гармию хунукӣ нуқта гузоштанд, вале аз ҳамон рӯз сар карда, муносибати ҷавон бо вай тамоман дигар шуд. Пештар Мунис ҳафтаҳо занг намезад, вале акнун дар як рӯз панҷ-шаш маротиба телефон карда, ҳолу аҳволи Ситораро мепурсид.

Келини шаттоҳ

Гапи мулло Қамар рост баромад, Муниси дар доми ҷоду афтида, ду ҳафта пас ба хонаи падари Ситора хостгор фиристод ва як моҳ нагузашта тӯйи деринтизор баргузор шуд, вале...

Аз рӯзи аввали ба хона шавҳар қадам гузоштан Ситора бо хушдоману қайсингулҳояш соз нагирифт. Бо андак гап келинчаки мағрур дегро ба табақ мезаду табақро ба коса ва ҷангу ҷанҷол карда, хонаро ба сар мебардошт. Бечора модаршӯю қайсингилҳояш ба тақдир тан дода, дигар ба арӯси ҷанҷолӣ кордор намешуданд, то хандахариши мардум нагарданд, вале Ситора бо шавҳари худаш ҳам соз намегирифт. Баҳудаю беҳуда рашк карда, ҷони Мунисро ба лабаш мерасонд. Ҷавон аз серҷоғии зани хушкардааш ба дод омада, як моҳ пас ба Русия мардикорӣ рафт.

Модар не, балои ҷон

Мунис қариб ҳафт сол дар Русия мардикорӣ карда, ҳамеша барои таъмини аҳли оилаашон пул мефиристод. Падару модараш аз ҷангу ҷанҷолҳои беҳудаи зани Мунис ба дод омада, барояш хонаи алоҳида сохтанд, то дигар рӯйи келини шаттоҳашонро набинанду насӯзанд. Мунис дар ин миён чандин маротиба ба Ватан омада, ду-се моҳӣ дам гирифта рафт ва Ситора соҳиби се фарзанд шуд, вале ҳанӯз ақлаш ба сараш намезад. Ин ҷавонзани ҷанҷолӣ бо бачаҳои худаш ҳам соз намегирифт ва бо андак гуноҳ кӯдакони бечораро бераҳмона мезад.

Қасами зансеталоқ

Пас аз хонаю дарашро обод намудан, Мунис дар фикри мошинхарӣ шуд. Вай ҳар моҳ аз Русия ба занаш қариб ду ҳазор доллар пул фиристода, таъкид мекард:

-Чорсад доллараш ҳаққи ту ва бачаҳоям, хӯред, пӯшед, вале боқимондаи пулро ҷамъ карда мон! Мабодо ахмақӣ карда, пулро обу лой кунӣ, ту ба ман се талоқ!

Ташвиши Мунис беҳуда набуд, зеро ҳар моҳ барои зану фарзандонаш пул фиристад ҳам, баъди баргаштан мефаҳмид, ки ҳамсараш аз тамоми мағозаҳои гирду атроф қарздор аст. Cитора ин қадар пулро куҷо мекард, худаш медонисту халос.

Дузди худӣ

Аз байн қариб ду сол гузашт ва Муниси аз азоби ғурбат ҷонаш ба лаб расида, қарор дод, ки ба хона бармегардаду бизнес кушода, минбаъд зиндагиашро дар Ватан пеш мебарад. «Дар дасти занак бояд беш аз бист ҳазор доллар пул ҷамъ шуда бошад, ин пул ҳам ба мошинхарӣ мерасаду ҳам барои кушодани ягон мағозача кифоя мекунад» мегуфт худ ба худ ҷавонмарди мусофир, вале…

Ҳамон шабе, ки саҳараш бояд Мунис ба Ватан бармегашт, Ситораи маккора худаш тирезаро шикаста, пардаро бо корд бурид ва тамоми кӯпраю кӯрпачаҳоро ба чор тараф ҳаво дода, қулфи сандуқро шикаст, то чунон вонамуд созад, ки ба хона дузд даромадааст. Пас аз ин ҷавонзани шаттоҳ доду фарёдзанон ҳавлиро ба сар бардошт, ки хонаамро ғорат кардаанд. Ҳамсояҳо ва хурусу хушдоманаш аз фиғону нолаи Ситора ба ташвиш афтида, сӯйи хонаи Мунис тохтанд.

-Хонаамро ғорат кардаанд! Дузд ҳамаи пулҳои фиристодаи бачаатонро бурдааст, Мунис биёяд, сари маро аз танам ҷудо мекунад,-рӯю мӯяшро канда, нола мекард Ситора дар назди волидони шавҳараш.

Раиси маҳалла ин хабарро шунида миласа ҷеғ зад, вале ҳомиёни қонун дар ҷойи ҳодиса ягон изи по ё чизи дигари шубҳанокро пайдо накарданд. Парванда ба дасти прокурори таҷрибадоре афтид ва тафтиш нишон дод, ки дузд бегона не, худи соҳибхоназан будааст. Дар рафти тафтишот Ситора фош шудани дурӯғашро эҳсос намуда, иқрор шуд, ки мазҳакаи дуздиро худаш сохтааст, то шавҳараш дигар пулҳояшро напурсад. Ҷавонзани беандеша беш аз бист ҳазор доллари бо хуни ҷигар дар мулки ғурбат коркардаи шавҳарашро ба чӣ сарф кардааст, касе намедонад. Акнун Муниси қасами зансеталоқ хӯрда, ҳайрон аст, ки чӣ кор кунад, Ситора бошад боз дар ба дари ҷодугарон медавад, то шавҳарашро дубора бо сеҳру ҷоду ба домаш афтонад.

Худойназаров Ҷамшед,

ш. Ваҳдат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД