Arzon march 2024
ДАР БАНДИ ҶОДУ
4792

 

 

МАҒРУР

Ситораи мағрур овони 18-20 солагиаш ба бачаҳои ӯро талабгоршуда «маймуни қишлоқӣ, нерг, мурдаи қоқшудагӣ, дарози бениёз, картошкабинӣ, дегсар, халтаи гӯш» гӯён, айб монда, билохира ҳама хостгоронро гурезонду пирдухтар шуда монд. Ҷавонони деҳотиро масхара кардани духтари муаллим дар тамоми маҳалла ва гирду атроф овоза шуда, ҳам бачаҳои ба Ситора ошиқ ва ҳам падару модаронашонро сахт ранҷонд. «Гавҳораи духтари Назар аз осмони ҳафтум фаромадагӣ, барои ҳамин назараш бачаҳои қишлоқиро намегирифтааст. Канӣ бинем, кадом шоҳзодаи шаҳрӣ ин таккачаро ба занӣ мегирад!»-гӯён, ҳаққу ҳамсоя ва хешу табори дар орзуи келин кардани Ситора буда, минбаъд пою қадамашонро аз даргоҳи падараш канданд.

Пирдухтар

Ҳамин тавр тамоми духтарони ҳамсоли Ситора шавҳар карда рафтанду духтари «гаҳворааш аз осмони ҳафтам фаромада»-и муаллим пирдухтар шуда монд. Аксарияти бачаҳое, ки Ситораро талабгор буданд, барқасди ин духтари мағрур ягон ҳамсинф ё дугонаашро ба занӣ мегирифтанд.

Арӯсонашон Ситора барин хушрӯю хушқаду босавод набошанд ҳам, зиндагии аксарияташон хушбахтона мегузашт. Бо сарандози арӯсӣ ва кулчаю тӯша ҳафтаю талбон омадани дугонаҳояшро дида, Ситораи мағрур акнун аз алам худашро дарун-дарун мехӯрд ва даст бар сар мезад, ки чаро бахташро бо дасти худаш баст. Ба орзуҳояш расида, соҳиби диплом ва ҷойи кори хуб шуда буд, вале ин ҳама комёбиҳояш дар назараш наменамуданд. Дигар на кори сердаромад ӯро хурсанд мекарду на либосҳои хушрӯю зару зевар, дилаш танҳо як чиз мехост-бахт! Ситораи мағрур акнун дарк карда буд, ки барои зан дар зиндагӣ чизе ба андозаи хушбахтии оилавӣ азиз ва гаронбаҳо набудааст, вале оби рехтаро дигар бардошта, умри рафтаро дубора баргардонида намешуд. Ҳамин тавр умри Ситора сарҳади 30 солагиро убур намуд. Дугонаҳояш се-чортогӣ фарзанд доштанду бачаҳояшонро хатнатӯй мекарданд, вале вай то ба ҳол бахташро наёфта буд.

Вохӯрии тасодуфӣ

Рӯзе як ҳамсинфаш Ситораро ба тӯйи писараш даъват намуд. Одатан вай аз шарми саволи ҳамешагии мардум «Ситора, то ҳол шавҳар накардаӣ?!» ба тӯю маъракаҳо намерафт, вале ин навбат модараш ба ҷону ҳолаш намонда гуфт:

-Духтарам, то ба кай худатро аз дугонаҳоят дур мегирӣ? Рав, камтар тамошо кун, хурсандӣ кун, ғубори дилат мебарояд.

Ситора бо дили нохоҳам ба тӯйхона рафт ва ҷавонеро во хӯрд, ки бо як нигоҳ дилашро рабуд. Духтари мағрур чунон волаю шайдои абрӯвони сип-сиёҳи пайвандӣ ва қаду қомати зебои ҷавон гашт, ки чашмашро аз вай канда наметавонист. Ҷавон нигоҳи харидорона духтарро пай бурда, пайти муносибе ёфту ба Ситора наздик шуда гуфт:

-Зебосанам, ҳамроҳи ман рақс намекунед?

Ситора аввал каме ноз карду баъд ҳамроҳи ҷавон ба рақс баромад. Ҳамин рақс баҳона шуду онҳо бо ҳамдигар шинос шуданд. Ҷавон Мунис ном дошта, меҳмон будааст. Онҳо рақами телефони ҳамдигарро гирифта, аҳд намуданд, ки минбаъд «ҷӯра» мешаванд.

Дарди дил

Аз шиносии Ситораю Мунис қариб як сол гузашта бошад ҳам, ҷавон дар бораи хостгор фиристодан даҳон намекушод. Мабодо худи Ситора ин мавзӯъро кушояд, дарҳол «мо ҳанӯз ҳамдигарро хуб намедонем»- гӯён, баҳона пеш меовард. Бепарвофалакии ошиқаш Ситораро ҷигархун менамуд, вале ҳамрозе надошт, ки дарди дилашро дар наздаш бигӯяд. Ниҳоят косаи сабраш лабрез гашт ва рӯзе ба модараш ҳасрат кард.

-Духтари сода, ҳамин хел интизор шуда шинӣ, ягон рӯз ин ошиқат ҳам зан мегираду даст дар бинӣ мемонӣ! Ин мардҳоро гӯсола барин зӯран кашола карда назди муллои никоҳгар набарӣ, ихтиёран намераванд,-даст афшонд модараш Сафаргул.

Ситора аз суханони роздори модар чизе нафаҳмида хоҳиш кард, ки ошкортар гап занад.

-Назди ягон ҷодугар рафта гармӣ кун, Мунисат худаш ба пеши поят афтида, зорӣ мекунад, ки занаш шавӣ, ҷони оча,-маслиҳат дод Ситорабонуи дар чунин корҳо таҷрибадор.

Дар хонаи ҷодугар

Рӯзи дигар очаю духтар ба хонаи мулло Қамар ном ҷодугари номдоре рафтанд. Мулло чашмони танги турконаашро аз Ситораи нозанин наканда, матлабашонро пурсид.

-Ҳамин духтараки нозанинам ба 32 даромада ҳанӯз шавҳар накардааст, домуллоҷон, ягон илоҷ кунед, ки бахташро ёбад,-зорӣ намуд Сафаргул.

Домулло китоби калонеро кушода, номи падар ва номи духтарро пурсид.

-Ситора, духтари Назар,-ҳозирҷавобӣ намуд Сафаргул.

Мулло чанд варақи китобро хонда ба коғазҳои дар наздаш буда ким-чиҳо навишту ҳисобу китоб кард, баъд сар бардошта гуфт:

-О ин духтаратон нағздида дорад-ку!

Очаю духтар лаб газида, иқрор шуданд, ки Ситора бо Мунис ном ҷавоне як сол боз во мехӯрад, вале аз хостгорони ошиқаш дарак нест. Домулло сар ҷумбонда гуфт:

-Духтарҷон, хафа нашав, ин бачаи туро ба занӣ гирифтанӣ нест.

-О шумо ягон кор кунед, ки гирад,-як садсомониро пеши мулло Қамар гузошта, арзи матлаб намуд Сафаргул ва афзуд, -ҳамин духтарам ба дӯстдоштааш расад, қолини пеши бозорро бароятон туҳфа меорам!

-Ин тавр бошад, пагоҳ наъли асп, пашми уштур ва устухони фароштурук ёфта биёред, ман бачаро ба духтаратон гарм мекунам,-дилаш бо дидани пул нар шуда гуфт мулло Қамар, худо хоҳад, як моҳ нагузашта тӯяшонро мехӯрем!

(ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД