Дар Ҷайҳун корхонаи “Шири Ҷайҳун” ифтитоҳ ёфт
25.12.2025
Oila.tj
47

Имрӯз, 25-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Зимни сафар дар маҷмуъ наздики 60 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, ба сохтмони 7 иншооти дигар оғоз бахшида мешавад. Танҳо дар соҳаи маориф 18 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 13700 хонанда дар ду баст ва 10 муассисаи томактабӣ барои 1500 кӯдак мавриди истифода қарор мегирад. Ҳамчунин, 8 корхонаи саноатӣ бо наздики 600 ҷойи корӣ ифтитоҳ меёбад. Ғайр аз ин, давоми соли равон бо саҳмгузории соҳибкорон ва мардуми саховатпеша дар ҳудуди вилоят 546 километр роҳ навсозӣ гардидааст.

Боздиди кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо ифтитоҳи корхонаи “Шири Ҷайҳун” оғоз ёфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, дар ин корхонаи нави саноатӣ, ки дар заминаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Комбинати шири Душанбе” бунёд гардидааст, истеҳсоли зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, кефири мевагӣ, дӯғоб ва маска ба роҳ монда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД