goodwell
Дар Ҷайҳун ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ идома дорад
81

Дар хоҷагии деҳқонии “Саид”, воқеъ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ идома дорад.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Ҷайҳун, ҳосилнокии пиёзи барвақтӣ дар хоҷагӣ то 500 сентнер аз ҳар гектарро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи хуби истеҳсолӣ ба ҳисоб меравад.

Хоҷагии деҳқонии “Саид” дар деҳаи Айнии ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун ҷойгир буда, дар 3 гектар фаъолияти кишоварзӣ ба роҳ мондааст. Хоҷагии мазкур аз 5 саҳмгузор иборат мебошад. Ба иттилои масъулин, заминҳои хоҷагӣ самаранок истифода шуда, дар 1,30 гектар пиёзи барвақтӣ ва дар 1,70 гектар зироати полезӣ кишт карда шудааст.

Зимни суҳбати раиси вилояти Хатлон бо деҳқонон аз истифодаи самраноки замин, риояи агротехникаи кишт ва ба даст овардани ҳосили фаровон изҳори қаноатмандӣ карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД