Ман як модари фарзандгумкардаам. Чандин сол боз роҳи писарам Юсуфҷонро мепоям. Аз субҳ то шом чашмам ба дар аст, ки ҳамин замон ё замони дигар писарам ба хона медарояду кошонаам аз нури рӯяш равшан мегардад.
Юсуфҷонам бо нияти нек-хатнатӯй кардани писарчаҳоям дуои неки моро гирифта ба Русия сафар карда буд, вале то ҳол на аз худаш дарак аст, на аз тӯйи бачаҳояш. Юсуфҷонам рафту бо ҳамин бедарак шуд. Соли гузашта ба дастам як нома расид. “Модарҷон, шояд маро набахшед, шояд аз баҳрам гузаред ва дигар Юсуфҷон гуфтанї писар надорам гӯед, вале чи кунам, ки тақдиру насиб ҳамин будааст. Ман қотил шудам. Қотили як инсони бегуноҳ! Модарҷон, бадбахтона ду-се бадбахти хунрез маро гумроҳ намуданд. Зани тиллофурӯшеро ваҳшиёна кушта дороияшро ғорат намудем. Кормандони пулис моро дастгир намуданду суд барои одамкушиамон ҳамаамонро ба муҳлати 17 сол ба зиндон маҳкум намуд. Ҳоло дар кунҷи маҳбас нишаста аз Худованд омурзиши гуноҳамро металабам. Шуморо дар пириятон ноумед кардан намехостам, вале чи кунам, ки тақдир чунин будааст!” навишта буд писарам дар як варақи зард. Ҷигарам пора-пора шуд, рӯю мӯямро канда хун гиристам, вале...
Муддати 10 сол мешавад, ки аз дидори фарзандам бенасибам. Дилам барои Юсуф чунон обу адост, ки дигар об аз гулӯям намегузарад. Болинам ҳар шаб аз оби дида тар мешавад. Набераҳоям дар атрофам парвонаанду келинам маро тасаллӣ дода мегӯяд, ки боз камтараки дигар монд, тоқат кунам ба дидори писарам албатта мерасам, аммо хумори дидори Юсуф маро торафт ҷигархун месозад. Метарсам, ки пеш аз баромадани писарам аз маҳбас мемираму ормонамро бо худ ба зери хоки тира мебарам. Бесаброна ба озодӣ баромадани Юсуфро интизорам ва Худоро зорӣ мекунам, ки аз гуноҳи писарам бигзарад! Худованд ба сари ягон модару ягон фарзанд чунин рӯзи сахтро наорад!
Анварой, модари 86-сола.