...Cабур сари қабри модар нишаста, мушт ба сар мекӯфт. Хешро маломат мекард. Аз модари ормониаш бахшиш металабид. Вале, ку модаре, ки аз хок сар бардораду зориву нолаи фарзанди ноқобилро шунавад. Модар пеш аз марг қариб як моҳ бистарӣ гардид. Фақат номи Сабурро ба забон гирифт. Аммо Сабураш ҳарчанд медонист, ки модар дами марг асту ба дидори ӯ ниёз дорад, наомад. Аниқтараш побанди ишқи русдухтаре меҳану модарашро фаромӯш сохт. Андеша накард, ки зану фарзанд ёфт мешавад, вале падару модар, фарзанди падарро ёфтан амри маҳол аст.
Ӯ ягона такягоҳу фарзанди солими хонадон ҳисоб меёфт. Барои ҳамин падару модар ӯро чун гавҳараки чашм эҳтиёт карда, ҳама чизи мехостагиашро муҳайё месохтанд. Аз куҷо медонистанд, ки рӯзе эркаписарашон балои ҷонашон мешавад. Баъди хатми мактаб падару модар бо умед Сабуро ба Донишгоҳи тиббӣ дохил карданд, аммо ӯ пинҳонӣ аз падару модар айшу ишрат карда мегашту ба дарсҳо намерафт. Оқибат ӯро аз донишгоҳ хориҷ карданд...
Ҳамин тавр, ба Русия рафт. Падар аз чунин ранг гирифтани сарнавишти писар ба бемории фишори хун мубтало гардид. Ин беморӣ ӯро оқибат аз пой афтонду бистарӣ намуд. Дар забонаш фақат номи писараш буд. Бо дили ранҷуру садпора ин оламро падруд гуфт...
Модар ҳам дар фироқи шавҳари фавтидаву фарзанди раҳдуру бераҳмаш сӯхта-сӯхта, ба касалии рӯҳӣ гирифтор шуд. Сабур, ки аз марги падар бохабар буд, омадан он тараф истад, ҳатто маблағ ба номи модару хоҳар нафиристод, то дар маъракаҳои ёдбуди падараш харҷ намоянд. Ӯ дар шаҳри Челябинск ҳуҷраеро ба иҷора гирифта, бо ҳамсараш Тамара мезист. Тамоми фикру зикраш ба Тамара банд буд, ба гумонаш, ки ҷисму ҷонаш сахт бо Тамара пайванд аст. Хаёл мекард, ки ӯ ҳам ҳамин хел дӯсташ медорад. Вале, ҳайҳот...
Ин зани рус кайҳо боз тоҷикписари пулдорро сӯистифода мекард. Вақте ки аз Тоҷикистон хабар омад, ки модар дар дами марг аст, Сабур азми баргаштанро дошт, вале Тамара ҳомила буданашро баҳона карда, муқобили сафари ӯ шуд. Ҳамин тавр, ӯ рӯйи гарми модарро ҳам надид...
Ҳамин тавр, қариб 10 сол бо зани рус зист.
Рӯзе аз кор ба хона барвақттар омаду Тамараро дар оғӯши ҳамсояаш -ҷавони чечен, ки Салмон ном дошт, дид. Тамара гуё ҳеҷ воқеае нашуда бошад, беҳаёона гуфт:
-Сабур, кайҳо боз ба ту гуфтаниам, ки ман Салмонро дӯст медорам. Зиндагӣ бо ту маро дилгир мекунад. Метавонӣ равӣ...
Сабур дасти холӣ бо дили реш роҳи ватанро пеш гирифт. Вале ӯро касе дар Ватан интизор набуд.
Дар сари қабри модар нишаста, нола мекард, вале... “муште, ки баъди ҷанг омад, ба сари худ зан”...