Медонам, ки аксари занҳо баъд аз ҷудо шудан мехоҳанд худашонро дар хонаи шавҳараш маскун намоянд.
Мехостам фаҳмам, ки дар қонуни худамон доир ба маскуншавӣ ягон тағйиру иловаҳо ворид шудаст?
Н.Қ.
Дар ин масъала ба шумо маълум менамоем, ки тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд наомадааст. Ҳама ҳолатҳо барои ҳифзи ҳуқуқи манзилии шаҳрвандон мебошад. Шумо оид ба кадом паҳлӯи ин масъала маълумот гирифтан мехоҳед? Хуб мешуд саволро мушаххас пешниҳод намоед.
Барои маълумот моддаҳои 24 ва 25 Кодекси манзили ҶТ иқтибос оварда мешаванд:
Моддаи 24. Аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ
1. Ҳамсар, фарзандон, падару модар, бобо, бибӣ, наберагон ва аберагони молик, ки дар манзили истиқоматии молик бо ӯ доимӣ истиқомат мекунанд, аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ эътироф карда мешаванд.
2. Дар ҳолатҳои истисноӣ шахсони дигар низ метавонанд аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ эътироф карда шаванд, агар онҳо бо розигии молик дар ҳамин манзили истиқоматӣ ба таври доимӣ бо молики манзил истиқомат карда бошанд.
3. Баҳсҳо дар бораи аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ эътироф кардани шахс бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.
Моддаи 25. Ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ
1. Аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд:
1) дар баробари молик манзили истиқоматиро истифода баранд, агар ҳангоми маскун шудани онҳо ба манзили истиқоматии мазкур тартиби дигар муқаррар нашуда бошад;
2) фарзандони ноболиғи худро дар қисми манзили истиқоматии барояшон ҷудонамудаи молики манзили истиқоматӣ маскун намоянд;
3) бо розигии молики (моликони) манзили истиқоматӣ аъзои дигари оилаи худро маскун намоянд.
2. Аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ ҳангоми истифодабарии манзили истиқоматӣ уҳдадоранд талаботи пешбининамудаи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 23 Кодекси мазкурро риоя намоянд.