Arzon march 2024
Дар қаламрави Россия назорат пурзӯр карда шудааст
670

 

Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба иттилои ҳамватанони муқимӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯён ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бо мақсадҳои гуногун қарор доранд, мерасонад, ки ваъзият дар қаламрави Федератсияи Россия барои шаҳрвандони хориҷӣ тағийр наёфтааст.

Тавре зикр мегардад, пас аз амали террористии даҳшатнок бар зидди шаҳрвандони осоишта дар Маҷмааи консертии Крокус-Сити Холл, ки санаи 22-юми марти соли 2024 ба вуқуъ омад, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти томактабӣ, муассисаҳои тандурустӣ, корхонаву фабрикаҳо, марказҳои савдо, метро, ҷойҳои серодам ҷиҳати таъмини амнияти сокинон назорат пурзӯр карда шудааст.

Аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки ба маълумотҳои сохта ва беасосе, ки аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳида ва шахсони ҷудогона таҳия ва нашр карда мешаванд, бовар накарда, вобаста ба ҳолат ва ваъзияти будубош дар кишвари иқомат маълумотҳоро аз сомонаҳои расмии мақомоти Федератсияи Россия ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мутолиа намоянд.

- Инчунин, хотирасон менамоем, ки дар гурӯҳҳои телеграмӣ ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои тундарав ва ифротгаро барои анҷом додани амалҳои террористӣ шаҳрвандонро ҷалб намуда истодаанд. Аз ҳамаи шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки аз чунин ҳолатҳо эҳтиёткор бошанд, ки ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротгароӣ наафтанд,- меафзояд манбаъ.

Ҳамзамон, даъват ба амал оварда мешавад, ки муҳоҷирон ҳангоми фаъолият дар қаламрави Федератсияи Россия, таҳсил, табобат, сайёҳат ва дигар мақсадҳои сафар ба Федератсияи Россия тибқи талаботи қонунгузории кишвари иқомат ҳуҷҷатҳои худро таҳия намоянд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳолати пеш омадани мушкилот метавон ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, консулҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Новосибирск, Уфа ва Екатеренбург муроҷиат намуд.

Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамзамон барои муроҷиат воситаҳои тамосро пешниҳод намудааст:

Телефон: +7 (926) 462 62 01

Телеграмм: https://t.me/tojikon_pressa

ВКонтакте: vk.com/tojikon_pressa

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД