Дар вилояти Ҳироти Афғонистон ба сифати ровӣ кор кардани занону духтаронро дар шабакаҳои телевизионӣ қатъиян манъ кардаанд.
Бино ба иттилои расонаҳои ин кишвар, дастури мазкур аз ҷониби Раёсати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон дар Ҳирот содир шудааст. Тибқи ин дастур минбаъд бонувони афғон ҳуқуқи дар барномаҳои телевизионӣ ровигӣ карданро надоранд.
Толибон сабаби манъ намудани ровигии занону духтаронро дар телевизион дар таҳрики мардон бо дидани ровии зан рабт додаанд. Раёсати амр ба маъруфи Толибон дар Ҳирот ба шабакаҳои телевизион ҳушдор додааст, ки набояд аз ин дастур сарпечӣ кунанд.
Ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ҳаёти занону духтаронро дар ин кишвар торафт мушкилтар месозад. Толибон баъди соли 2021 ба сари қудрат омаданашон дар ин кишвар барои бонувони афғон маҳдудиятҳои зиёдеро ҷорӣ намуданд, ки тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва фардии бонувони афғонро поймол месозанд. Чанде пеш занони афғонро аз ҳақи таҳсил дар бахши момодоягӣ, ки охирин имкони хонумҳои афғон барои соҳибмаълумот гаштан буд, маҳрум намуданд. Ба думболи ин тасмим Ҳайбатуллоҳ Охундзода, роҳбари ҳукумати Толибон дар Афғонистон дастур дод, ки дар биноҳои навсохт тирезаҳо набояд ба самти хонаи ҳамсоя, ҳавлӣ, ошхона ва дигар ҷойҳое, ки занон дида мешаванд, кушода шаванд.
Коршиносон мегӯянд, чунин маҳдудиятҳо натанҳо ба ҳаёти занони афғон, балки ба пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон низ таъсири манфӣ мерасонанд.