Ниқобҳои тароватбахши зеринро ҳафтае 2-3 маротиба омода кардан мумкин аст. Натиҷааш шуморо ба ваҷд меорад!
Аз ретсептҳои пешниҳодшуда якеашро интихоб намуда, пӯсти худро зебову нафис гардонида метавонед.
1. Ниқоб аз поғаҳои ҷав (овсяные хлопья)
3-4 қошуқ поғаҳои ҷавро дар шири ҷӯшон ё саршир тар кунед. Ниқоби ҳосилшударо ба пӯсти рӯй молида, муддати 15-20 дақиқа нигоҳ доред. Рӯятонро бо оби ширгарм шӯед. Ниқоби мазкур пӯсти хушку шамолкашида ва дағалшударо нарм месозад.
2. Ниқоб аз кефир
Барои омода намудани ниқоби мазкур 100-200 мл кефири равғанин (простокваша ё сметана) лозим аст. Дар муддати 15-20 дақиқа яке аз маҳсулоти ширии интихобнамудаи худро ба пӯсти рӯй пайи ҳам молида, баъдан рӯятонро бо оби ширгарм шӯед.
Диққат диҳед: агар сметана ё саршири равғаннокияш баландро интихоб намуда бошед, онро танҳо як маротиба ба рӯятон ғафс молида, муддати 10-15 дақиқа нигоҳ доред.
3. Ниқоб аз фалла
2 қошуқ фалла, 2 қошуқ шарбати сабзӣ, 2 қошуқ равғани зайтун, 2 қошуқ ширро (тамоми маҳсулотро миқдори баробар гирифтан лозим аст, дар сурати камтар истифода бурдани ниқоб метавонед миқдори маҳсулотро кам кунед) нағзакак аралаш карда, лат занед. Ниқоби омодашударо ба пӯсти рӯй молида, 15 дақиқа нигоҳ дореду баъдан бо оби ширгарм шӯед.
4. Ниқоби асалин
2 қошуқ асалро бо 1 қошуқ поғаи ҷав (овсяные хлопья) омезиш дода, ба он 2 қошуқча шир илова унед. Маҳлулро ба пӯсти рӯй молида, 15-20 дақиқа нигоҳ доред.
Дар хотир доред: ниқоби мазкур ба нафароне, ки аз асал аллергия доранд, манъ аст.
5. Ниқоб аз банан
Як дона банани миёнаҳаҷмро бо чангак лат зада, ба он 1 қошуқча малҳами ғизобахш, 1 қошуқча равғани зайтун, ним қошуқча шарбати лимӯ илова карда, нағзакак омезиш диҳед. Ниқобро ба пӯсти рӯй молида, 15-20 дақиқа нигоҳ доред. Баъдан рӯятонро бо оби ширгарм шӯед.