Formula novemver 2024
Дамламаи гӯсфандӣ
994

Маҳсулоти зарурӣ:

900 грамм гӯшти гӯсфанд, 800 грамм картошка, 3 дона пиёз, 2 дона қаланфури булғорӣ, 1 дона кадуча (кабачок), 1 дона сабзӣ, 3–4 дона помидор, 100 грамм карам, 1 дона сирпиёз, 60 грамм думба, зираву мурч.

Тарзи таҳия:

Ба дег аввал думбаи резашударо гузошта, болои он тикаҳои гӯштро чинед ва мурчу зира пошед. Пиёз, сабзӣ ва қаланфури булғориро пораҳои калон бурида, ба рӯи гӯшт ҳамвор кунед. Картошкаҳоро яклухт болои онҳо монед. Помидору кадучаро ба шакли ҳалқа бурида, рӯи картошка зам кунед. Як барги карамро майда бурида, бо сирпиёз болои ғизо гузоред. Баъдан рӯи таомро бо баргҳои карам пӯшонда, муддати 1,5 соат дар оташи паст пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД