Formula novemver 2024
Дамиши кудак: нишона ва сабабҳои он
1248

Барои чӣ беҳуда гиря мекунад, либосаш тоза гарм, шикамаш сер урепчаш нав мондагӣ чаро гиря мекуна намедонам?

Ин саволҳоест, ки ҳамавақт дили модаронро ба таҳлука меандозад, махсусан навмодаронро.
Тифлакон барои гиря сабаби зиёд доранд. Гушашн дард мекунад, гурусна мемонанд, шикамашон дард мекунад ва ё танҳо эркагӣ мекунанду медонанд, ки агар гиря кунанд модари меҳрубонашон зуд ба ба оғуш мегирад. Ин барои тифлак макони амну рҳатест.

Аммо дар қисми зиёди тифлакон дамиши шикам ба назар мерасад, ки сабаби гиряи кудак мешавад. Нишонаҳои онро чунин мушоҳида кардан мумкин. Шиками кудак дам ва сахт мешавад мисли тупчаи пури ҳава барин. Ҳангоми ширхӯри инҷиқи мекунад. Гоҳо боди шикамаш мебарояд ва тифлак хело ором мешавад. Ҳангоме ки дар тифлакатон чунин аломатҳоро дидед бояд дарк кунед, ки навзод дамиш дорад ва уро озор медиҳад.

Дамиши шикам кудак ҳам ҳолати табиӣ аст ва ҳам аз хӯроки хурдаи модар вобастагӣ дорад. Авалан кудак ҳангоми тавалуд шудан функсияҳои узвҳояш ба пурагӣ кор намекунад. Яъне биноишаш комил нес, овоз ҳам намешунавад ва ҳамчунин кори меъдааш ба пуррагӣ инкишоф наёфтааст. Рудаҳояш тангу меъдааш хурдакак аст. ба ин хотир тез тез оруқ меҳзанад ва ҳангоми боди шикамаро баровардан низ барояш дарднок аст.

Барои осон гузаштани ин пртсесес якчанд амалро анҷом диҳем мувофиқи мақсад аст. Ҳангоми ҳомиладорӣ обҳои газнок, хурданиҳои хунук, ки аз яхдон гирифта шудааст истеъмол кардан мумкин нест. Албатта дар гармои тобистон худро боз доштан ниҳоят душвор аст аммо барои саломатии кудак каме эҳтиёт намудан ба фоидаи кор аст.

Баъди тавалуд, доруҳои махсус ҳаст, ки он барои дамиши шиками навзод омода шудааст. Бо тавсияи духтур аз онҳо истифода намудан лозим. Инчунин шиками кудакро бо равиши ақрабаки соат маҳс намоед. Ин баровардани дамиши кудакро осон мекунад.

Сониян навзодро зуд-зуд ба шикам хобонед. Агар шикамаш бод дошта бошад гиря мекунад аммо хавос шудан лозим нест чунки мегузарад ва ба чунин тарз истодан ба тифл одат мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
931666386 2023-10-07, 19:35
Салом ман Далерчон тифли Ман 2 моха мебошад дамиши шикад дорад давохои гуфтагии табибро додем амо результат надод чибояд кард лутфан тавсия медодед.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
931666386 2023-10-07, 19:35
Салом ман Далерчон тифли Ман 2 моха мебошад дамиши шикад дорад давохои гуфтагии табибро додем амо результат надод чибояд кард лутфан тавсия медодед.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД