Sebiston new 2024 october
ДАМИРБЕК ОЛИМОВ: НИГИНА ХОҲАРИ МАН ҲАСТАНД
4756

 

 

“Дамирбекро Нигина машҳур кард” гуфтани мардум беҳуда нест. Дар ҳақиқат Дамирбек Олимов, ки як замон донишҷӯ ва овозхони навкор буд, баъди сароидани бадеҳае бо Нигина Амонқулова якбора машҳур шуд. Худи Дамирбек низ иқрор мешавад, ки Нигина дар рушди санъати ӯ саҳми босазо дорад. Дамирбек Олимов, яккаписари хонадон баъди азобҳои зиёди кӯдакиву наврасӣ имрӯз миёни ҷомеа мавқеи худро дорад. Фишурдаи суҳбати Орзу Исоевро бо Дамирбек Олимов манзури шумо мегардонем.

 

-Дамирбек, чаро вақтҳои охир кам суруд мехонед? Ин ба COVID-19 рабт дорад ё ягон сабаби дигар ҳаст?

-Аслан, таронаҳои ман кам нестанд, яъне дар бойгониам сурудҳои зиёд дорам. Баъзеи онҳоро вақте эҷод мекунам, писандам намеоянд ва ҳамин тавр, дар ягон ҷо намехонам.

-Шунидам, ки як нафар танзимгари овоз сурудҳоятонро дар вақташ омода намекунад ва аз шумо гурехта мегардад. Ӯ кист?

-Бо як танзимгари овоз аз Ӯзбекистон ҳамкорӣ доштем. Номашон Шавкат аст. Он кас ҳам тоҷиканд. Ҳафт моҳ пеш як сурудро барои танзим равон карда будам ва то ҳол интизорам. Сабаби корро кашол доданашонро намедонам.

-Корҳоятон бо Нигина Амонқулова дар кадом сатҳ аст? Нияти хондани ягон бадеҳаи дигарро надоред?

-Айни ҳол дар нақша надорам. Бадеҳа хонданӣ шавам, аввал бо хоҳари азизам Нигина Амонқулова мехонам.

-Замоне бо Юлдуз Турдиева, овозхони ӯзбек бадеҳа хондан мехостед. Чӣ шуд?

-Албатта, ҳоло ҳам мехоҳам. Як вақт мо суҳбати телефонӣ доштем ва пешниҳод шуд, ки ҳамроҳ бадеҳа сароем, вале он замон шеъру оҳанги тайёр набуд. Баъдан, ман ҳам аз паси дигар корҳо шудаму Юлдуз ҳам ва ин нақша амалӣ нашуда монд.

-Дар эҷодиёти шумо Нигина Амонқулова чӣ нақш дорад?

-Нақши Нигина дар эҷодиёти ман бузург аст. Масалан, як нафар сабаб мешавад, то кори шумо пеш равад. Вақте ки ман ҳанӯз шинохта набудам, Нигина Амонқулова бо ман бадеҳа хонданд ва ҳамин тавр, ман машҳур шудам. Он замон донишҷӯ будам. Илова бар ин, дар ҳайати ансамбли “Нури Хуҷанд” фаъолият мекардам ва қадамҳои нахустини хешро дар роҳи санъат мегузоштам. Дар ҷашни Наврӯз пешниҳод шуд, ки ману Нигина Амонқулова бояд бадеҳа хонем ва аз ҳамон ҷо ҳамкории мо оғоз шуд.

-Кӣ пешниҳод кард, ки маҳз шумо бо Нигина бадеҳа сароед?

-Ҳамон сол озмуни “Чакомаи гесӯ” баргузор шуду ману Нигина Амонқулова дар алоҳидагӣ баромад карда, бори аввал шинос шудем. Баъдан, устод Убайдулло Раҷабов, ки коргардони барномаи консертии наврӯзӣ буданд, ба Нигина Амонқулова пешниҳод мекунанд, ки бояд бадеҳа сароянд ва Нигина-апа маро интихоб мекунанд.

-Шумо аз куҷо фаҳмидед, ки Нигина барои хондани бадеҳа шуморо интихоб кардааст?

-Он вақтҳо мошин доштам ва донишҷӯ, ки будам, ҳар субҳу шом аз деҳа ба шаҳру аз шаҳр ба деҳа ҳамроҳи худ чор нафар мусофирро бурда меовардам, то ақаллан маблағи сӯзишвориро кор кунам. Як бегоҳ дар вокзал будам, ки Нигина-апа ба ман занг зада, пешниҳодро фаҳмониданд ва розигии маро пурсиданд. Пешниҳоди эшонро бо ҷону дил қабул карда, дар баробари ин, аз ҳаяҷони зиёд худро тамоман гум карда будам.

-Бори аввал бо Нигина бадеҳа сароидед, аммо напурсидам, ки он кадом бадеҳа буд?

-Он бадеҳа “Ялалум” ном дошт. Пас аз он ки бадеҳаро сабт кардему дар ҷашни Наврӯз сароидем, мехостам, ки клипи онро ба навор гирем, аммо ба Нигина-апа гуфта наметавонистам, чун ман беҳад инсони шармгин ҳастам. Гуфтан мехостам, вале он касро дидан баробар шояд аз тарс ё аз ҳаяҷон гапамро гум карда, чизе гуфта наметавонистам. Баъд ман аз акои Сӯҳроб Шониёзов, ки бо ҳам ҳамкорӣ доштем, хоҳиш кардам, ки хоҳиши маро ба Нигина-апа расонанд. Он кас розӣ шуданд, клипро сабт кардем ва суруд ҳам дар Хуҷанду ҳам дар Душанбе машҳур шуд.

-Шармгин ҳастам мегӯед, аммо дар саҳна шуморо бо он рақсҳоятон шармгин намебинем...

-Сабабашро намедонам, аммо дар саҳна умуман шарм намедорам. Кӯшиш карда истодаам, ки дар зиндагӣ низ чунин шавам.

-Дар бораи зиндагиатон кам маълумот медиҳед, вале мо медонем, ки яккаписар ҳастед. Боре ба падару модаратон савол додаед, ки чаро шумо хоҳар ё бародар надоред?

-Ин саволро то ҳол дода наметавонам (механдад).

-Яккаписар буданд хушбахтӣ аст?

-Яз як тараф хушбахтист...

-Аз тарафи дигар чӣ?

-Дар байни мардум, ки бисёр мегардам, мебинам, ки чӣ тавр баъзе бародарону хоҳарон бо ҳам соз намегиранд. Инро дида, ба худ мегӯям, ки яккаписар буданам хуб аст. Вале агар соҳиби хоҳар ё бародар мебудам, ҳеҷ имкон намедодам, ки байнамон нофаҳмӣ бошад. Аслан, ман хоҳар дорам, хоҳари ман Нигина Амонқулова ҳастанд, беҳад эҳтиромашон мекунам.

-Одатан яккафарзандҳо нафарони зудранҷ ва нозук мешаванд. Шумо ҳам чунин будед?

-На, ман умуман эркагӣ намекардам. Ҳеҷ гоҳ падамро маҷбур намекардам, ки чизеро бароям харида диҳанд, чун он солҳо шароит вазнин буд. Баръакс, ҷувздони писарҳои амакамро гирифта, ба мактаб мерафтам ва либосҳои онҳоро мепӯшидам.

-Шунидам, ки дар Хуҷанд ҳавлии барҳавоеро харидаед...

-Бале, бо нияти ба Хуҷанд овардани падару модарам онро харидам, вале онҳоро розӣ карда натавониста истодаам. Ҳоло онҳо дар ноҳияи Деваштич зиндагӣ мекунанд.

-Дамирбек, чанд фарзанд доред?

-Шукри Худо соҳиби се фарзанд, як духтару се писар ҳастам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД