arzon replenishment
ДАЛЕР НАЗАРОВРО ДАР ӮЗБЕКИСТОН ЧӢ ГУНА ПЕШВОЗ ГИРИФТАНД?
22.01.2021
ОИЛА
3408

 

Далер Назаров, овозхон ва оҳангсози 61-солаи тоҷик, ки охири моҳи декабри соли гузашта ба Ӯзбекистон сафари ҳунарӣ анҷом дода буд, таассуроташро оиди сафараш нақл кардааст. Овозхон дар саҳифаи Инстаграм сафараш ба Ӯзбекистонро олиҷаноб хондааст.

“Сафари мо ба Ӯзбекистон дербоз дар нақша буд, аммо якбора сурат гирифт. Барои вохӯрӣ бо мухлисони ӯзбекистониямон бояд тайёрии тӯлонӣ медидем. Ҳодисаи хурсандибахши чанд соли охир ҳамин аст, ки сарони давлатҳо монеаи байни моро бартараф карданд ва ҳама аз ин хурсанданд”,-навиштааст Назаров. Ҳамчунин, овозхон илова намудааст, ки новобаста аз баста будани марзҳо марзбонон анҳоро хушҳолона пешвоз гирифта, ҳуҷҷатҳои заруриро ба расмият даровардаанд.

Барномаи консертии Далер Назаров дар шаҳрҳои Тошканду Самарқанд дар сатҳи олӣ гузаштааст, вале як барномаи консертиаш дар шаҳри Бухоро бо сабабҳои номаълум бекор шудааст. “Мутаассифона, консерти мо дар шаҳри Бухоро, ки хеле интизорамон буданд, бекор шуд.

Сабабашро намедонем, аммо ҳаминро медонем, ки ҳатман дар ин шаҳр низ як барномаи консертӣ баргузор хоҳад шуд”,-афзудааст овозхон. Ёдовар мешавем, ки дар чанд соли охир ин нахустин консерти Далер Назаров дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД