Sebiston new 2024 october
ДАҲАИ ОХИР ВА САВОБИ ИДИ РАМАЗОН
13.05.2021
ОИЛА
1364

 

 Моҳи Рамазон моҳи меҳмонии Худост. Ҳар кас худро барои ин меҳмонӣ беҳтар омода карда бошад, аз хони густурдаи лутфу карами Илоҳӣ бештар баҳраманд хоҳад шуд. Чун дар даҳаи охири моҳи Рамазон қарор дорем, тасмим гирифтем, ки дар ин матлаб чанд фазилатҳояшро дарҷ намоем.

       Дар ривоят омадааст, ки: «Дарҳои осмон дар шаби аввали моҳи Рамазон кушода мешавад ва то охирин шаби ин моҳ баста намешавад». Рамазон моҳи дуову ибодат ва баҳори Қуръон аст. Тамоми рўзҳо ва лаҳза-лаҳзаҳои ин моҳ муборак аст, аммо дар ин моҳ шабе вуҷуд дорад, ки онро «қалби моҳи Рамазон гуфтаанд ва он шаби Қадр аст. Ҳамаи рўзадорони моҳи Рамазон худро барои шабзиндадории ин шаб омода сохта, дар интизори он лаҳзашуморӣ мекунанд. Борҳо аз Паёмбар (с) пурсиданд, ки кадом шаби моҳи Рамазон шаби Қадр аст? Вале он бузургвор ҳаргиз шаби муайянеро ном набурдаанд. Фақат ҳаминро зикр намудаанд, ки «Шаби Қадрро дар шабҳои тоқи даҳҳаи охири моҳи Рамазон ҷустуҷў кунед». Шояд ҳикмати номуайян будани ин шаб он бошад, ки рўзадорон барои дарки он дар чанд шаби охири моҳи Рамазон шабзиндадорӣ кунанд ва раҳмату лутфи Худоро бештар ба даст оваранд.

     Дар моҳи Рамазон шабе ҳаст бо номи шаби Қадр, ки дар назди Худованд аз ҳазор моҳ беҳтар ва боарзиштар аст. Шабе, ки дар миёни осмону замин ва башарият бо олами улвӣ ва фариштагон робитаи бевоситае барқарор гардид ва дар он нузули Қуръон бар дили поки охирин паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) оғоз гардид. Шабе, ки ҷаҳони ҳастӣ бо шодмонии нотакроре онро пешвоз гирифт ва ҳодисаеро бо он азамат ва шукӯҳ ҳаргиз надида буд.

       Донистани қадру азамати он шаб барои хелеҳо муяссар намегардад. Дар он шаб фариштагони Худованд ва Ҳазрати Ҷабраил (ъ) барои ҳар коре бо амри Парвардигорашон фуруд меоянд ва то дамидани субҳ дар он шаб нуру баракат ва салому осоиш ҳукмфармост.

Шаби Қадр, Лайлатулқадр — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон(имсол шаби Қадр ба шаби 8-ум ба 9-уми май рост меояд, ки беҳтарин шаб барои ибодат мебошад ва он шаб дуову ибодат зуд иҷобат меёбад.

       Дар ин шаб Қуръони карим бар Ҳазрати Пайғамбар (с) нозил шудааст. Шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон мебошад. Дар Қуръон баён гардидааст, ки он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад. Худованд мефармояд:

«Мо ин (Қуръон)-ро дар шаби Қадр нозил фармудем ва ту чӣ донӣ, ки шаби Қадр чист? Шаби Қадр, бешак, аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Фариштагон ва Рӯҳ (Ҷабраил) дар он шаб барои ҳар коре ба амри Парвардигорашон фуруд меоянд (ва) он (шаб) то дамидани субҳ салому осоиш аст». Ин сураи Қуръон бо номи «Қадр» номгузорӣ ва барои баёни фазилатҳои шаби Қадр нозил гардидааст, шабе, ки лутфи бепоёни Парвардигори олам бар бандагони рӯзадораш фуруд меоянд ва онҳоро дар зери пӯшиши лутфу навозишҳои худ қарор медиҳад.

Шаби Қадр дар шабҳои тоқи даҳ рўзи охири моҳи Рамазон мебошад. Вале баъзе донишмандон дар шаби бисту ҳафтуми Рамазон будани шаби Қадр ба яқин наздиктар гуфтаанд. Ибни Аббос разияллоҳу анҳу, Убай ибни Каъб разияллоҳу анҳу, Ибни Масъуд разияллоҳу анҳу ва дигарон дар шаби бисту ҳафтум будани онро ба яқин наздиктар донистаанд. Убай ибни Каъб мегўяд: Шаби Қадр дар даҳаи ахир, дар бисту ҳафтуми моҳи Рамазон мебошад. Зирр ибни Ҳубайш мегўяд: Он гоҳ беистисно савганд хўрд, ки шаби Қадр шаби бисту ҳафтуми моҳи Рамазон мебошад. Пурсидам: Бо чӣ далел инро мегўӣ? Гуфт: Бо нишонае, ки Расули Худо (с) моро хабар дода буд: "Субҳи он шаб офтоб бе шуоъ мебарояд". (Саҳеҳи Муслим). Бародари азиз! Қадри ин шабро бидон ва ин шабро бо ибодат бигзарон!

            Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар шахсе шаби Қадрро аз рўи имону ихлос шабзиндадорӣ кунад, Худованд гуноҳони гузаштаашро меомўрзад. (Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим)

       Ҳазрати Оиша (р) мефармояд, ки аз Расули Худо (с) пурсидам: «Эй Расули Худо (с), агар он шабро дарёфтам, чӣ бигӯям? Фармуд: Бигӯ: Худовандо! Ту бахшандаӣ ва афву бахшишро ҳатман дӯст медорӣ, пас маро мавриди афву бахшиши Худ қарор деҳ».

Шабе, ки баракоти он аз ҳаштоду се сол умри бо тоату ибодат беҳтар аст, чӣ расад ба умри беҳудаву пуч. Одамоне, ки умреро дар беҳудагӣ ва аз қафои корҳои ботил гузаронидаанд, бояд бештар бикӯшанд, то аз ин моҳ ва ин шаб хуб истифода намоянд. Шояд гузаштаи худро дар зарфи як моҳ ва ё дар як шаб ва як чашм пӯшидан ҷуброн намоянд ва дар пеши Парвардигорашон сарбаланд гарданд. Шабе, ки агар банда қадри онро бо истифода аз баракоти маънавиаш дарёбад, фардои он барояш рӯзи нав ва ҳаёти дигар аст, ба гуфтаи Саъдӣ:

Муборактар шабу хуррамтарин рӯз,

Ба истиқболам омад бахти пирӯз.

Дуҳул зан, рав башорат гӯ ду навбат,

Ки дӯшам қадр буд, имрӯз наврӯз!

Дар охир аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамон дуъуоеро, ки Паёмбари акрам (с) ба мо таълим дода буданд, аз Худованди Раҳмон хоҳонам:

 “Аллоҳумма иниӣ аъузу бика минал-бараси вал-ҷунуни вал-ҷузом ва мин саййиъил-асқом”, (Худоё, ман ба Ту аз песӣ, девонагӣ, махав ва аз бемориҳои бад паноҳ мебарам)  ба баракати моҳи мубораки Рамазон ва хусусан бо баракати шаби Қадр, ин вабои асрро аз болои башарият Худат ба фазлу карамат дур кун. Омин ё Раббал оламин.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД