Commerce bank may-june 2026
Даҳаи дуюми моҳи август Радиои “Сафина” расман ба фаъолият оғоз мекунад
08.07.2026
Oila.tj
90

Даҳаи дуюми моҳи августи соли ҷорӣ Радиои «Сафина» расман ба фаъолият оғоз мекунад. Дар ин бора директори Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» зимни нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон корҳои омодагӣ барои оғози фаъолияти радио идома дошта, насби таҷҳизоти техникӣ, ташкили ҳайати эҷодӣ ва омодасозии барномаҳои аввалин дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Зикр гардид, ки Радиои «Сафина» бо мақсади пешниҳоди барномаҳои иттилоотӣ, таҳлилӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ таъсис дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД