Formula novemver 2024
COVID-19 дубора омад?
1714

24 ноябр мақомоти Чин аз хуруҷи дигарбора коронавирус хабар дода, гуфтааст дар як рӯз 31 ҳазору 700 мавриди нави гирифториро ба бемории COVID-19 сабт кардаанд. Дар ин бора расонаҳои чинӣ иттилоъ доданд.

Ба навиштаи расонаҳо, ин омори рӯзона рекордӣ ба шумор меравад. Рекорди пешинаи гирифторӣ ба коронавирус дар Чин рӯзи 14-уми апрели соли ҷорӣ сабт шуда буд. Он замон рақамҳо бештар аз 29 ҳазор касро нишон медоданд.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 23-юми ноябр дар Чин як нафар аз коронавирус ҷон бохт.

Дар ҳамин ҳол, шумори мубталоёни нав ба коронавирус дар давоми як ҳафтаи охир дар Узбекистон ҳам дубора афзоиш ёфтааст. Ба иттилои Вазорати тандурустии Узбекистон, 24 ноябр гирифтории 98 кас ба коронавирус тасдиқ шуд.

Нурмат Атабеков, муовини сардори Хадамоти беҳдоштӣ, эпидемиологӣ ва саломатии аҳолии Узбекистон дар як нишасти хабарӣ гуфт, шумори гирифторони коронавирус ва онҳое, ки дар ин кишвар дар карантин ҳастанд, дар давоми 7 рӯзи охир ба 2310 кас расидааст.

Ба иттилои манбаъ, шумори умумии гирифторони коронавирус дар Узбекистон то 23 ноябри имсол 245 665 нафарро ташкил медиҳад. Аз оғози пандемия дар баҳори соли 2020 то кунун дар Узбекистон 1637 нафар аз коронавирус бохтааст.

Бино ба иттилои Вазорати молияи Украина ба ҳолати 28-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 397 нафар ё 2,2%-и аҳолӣ аз ин беморӣ ранҷ мебаранд.

Як масъули Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин оморро рад карда, гуфт, хушбахтона ин беморӣ дар мо ҳоло дубора тасдиқ нашудааст.

“Ба ҳар ҳол бояд эҳтиёт кунем. Интизор шуда нашинем, ки кай беморӣ ба пушти дарамон меояд, балки аз ҳозир қоидаҳои санитариро бештар кунем. Ниқоб пӯшида, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фосила гирем. Таҷриба нишон дод, ки танҳо бо роҳи якдигарфаҳмӣ ва амалӣ кардани тавсияҳо мо тавонистем ба ин беморӣ ғалаба кунем”, - гуфт ин корманди Вазорати тандурустӣ.

Ҳоло дар кишвари мо аксарият аз дарди сар, баландшавии ҳарорат, гумшавии иштиҳо ва аломатҳои монанд ба ин шикоят доранд. Чанд нафар ҳам зимни суҳбати бидуни сабт дар кӯчаҳои пойтахт гуфт, як ҳафтаи охир худро хуб ҳис намекунанд.

Ин ҳамсуҳбати мо низ аз Вазорати тандурустӣ дар суҳбати бидуни сабт гуфт, чун ҳоло фасли зимистон аст, албатта, шаҳрвандон худро хуб ҳис намекунанд. Ин аз як ҷиҳат ба тағйири обуҳаво ҳам вобаста аст ва ин нишонаҳои зукоманд", - гуфт мавсуф.

Бояд гуфт, ки COVID-19 се сол пеш пайдо шуд. Аз оғози он дар саросари дунё 650 миллион кас гирифтор шуда, бештар аз 6,5 миллион нафар ҷон додаан.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД