Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки дар соли 2025 сохтмони нахустин хати метроро дар Душанбе оғоз мекунанд.
Бино ба иттилои манбаъ, корҳо оид ба асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа баҳори соли ҷорӣ анҷом ёфта, баъд аз он тарҳи дақиқи хати мазкур дар моҳҳои июн-июл оғоз мешавад.
Гуфта мешавад, ки хати аввали метро аз канораҳои ҷанубии шаҳр ба марказ ҳаракат карда, дар майдони Сирки давлатӣ ба охир мерасад. Дарозии он 10,5 километр хоҳад буд.
Тарҳрезии метро ба шарофати созишномаи моҳи марти соли 2022 миёни вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси ширкати миллии роҳи оҳани Куриёи Ҷанубӣ Ким Ҳан Ёнг имконпазир шудааст. Ёддошти тафоҳум рушди инфрасохтори метро дар пойтахтро пешбинӣ мекунад.