toyota motors
Чурраи қадкашак тариқи эндоҷарроҳӣ бомуваффақият бартараф карда шуд
26.05.2026
Oila.tj
107

Дар шуъбаи ҷарроҳии фаврӣ, ки дар бинои тозабунёди Беморхонаи клиникавии №1-и шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, амалиёти ҷарроҳии муосир оид ба бартарафсозии чурраи қадкашак тариқи эндоҷарроҳӣ бомуваффақият гузаронида шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, мутахассисони беморхонаи мазкур иброз доштаанд, ки ҳадафи асосии ин намуди ҷарроҳӣ - ин кам кардани дард ва зудтар баргардонидани бемор ба ҳаёти фаъол мебошад.

Гуфта мешавад, ки ҷарроҳӣ бомуваффақият амалӣ карда шуда, айни замон бемор дар марҳилаи пас аз ҷарроҳӣ қарор дорад.

- Ёдовар мешавем, ки дар Беморхонаи клиникавии №1-и шаҳри Хуҷанд ба номи С. Урунов имрӯзҳо тамоми шароиту имконот барои ташхису табобати саривақтӣ ва босифати беморон мавҷуд буда, табибони беморхона кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то марҳила ба марҳила усулҳои муосиру замонавии амалиётҳои ҷарроҳиро ба роҳ монанд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД