Arzon march 2024
Чойи хушбӯйе, ки зукомро шифо мебахшад
20.12.2024
ОИЛА.ТҶ
360

Оё медонед, ки барои шамолкашӣ чойро чӣ гуна тайёр кардан лозим аст?

Решаи маҷнунбед (кора дуба), гули бобуна (ромашка), меваи наъматак (шиповник)-ро ба андозаи баробар гиред. Як қошуқи оби ҷӯшонро ба зарф андохта, дар оташи паст чор-панҷ дақиқа ҷӯшонед. Ҳангоми хунук шуданаш полонед. Дар як рӯз ним соат пеш аз хӯрок чоряк пиёла оби гармро гирифта, як қошуқи он маҳлулро ҳамроҳ бинӯшед.

Дар замонҳои қадим ниёгонамон ба ғайр аз тамашк (малина) шохаҳои онро низ истифода мебурданд. Шохаҳои тамашкро дар зимистон ва тобистон истифода бурдан мумкин аст. Дар як коса шохаҳои буридаи тамашк (малина)-ро 10-20 дақиқа ҷӯшонида, ду соат дам карда монед. Баъди хунук шуданаш онро кам-кам нӯшед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД