Дар ин рӯзҳои гарми тобистон ҳар яки мо беш аз ҳама ба нӯшокиҳои фараҳбахше ниёз дорем, ки ташнагиамонро шикананд. Баъзеҳо обро дар яхдон хунук карда, баъд менӯшанд, бархи дигар нӯшокиҳои газнок мегиранд, вале нӯшидани оби яхкардаи яхдон ва дигар нӯшокиҳои зараровар метавонанд касро ба ҳар хел бемориҳо гирифтор созанд.
Об - сарчмашмаи ҳаёт
Беҳуда обро сарчашмаи ҳаёт намегӯянд. Дар ҳавои гарм нӯшидани оби тоза барои организми инсон хеле муҳим ва муфид буда, ҷараёни гидрататсияро дар ҷисм ба танзим медарорад, мубодилаи моддаҳоро фаъол мегардонад, заҳр ва токсинаҳоро аз организм бароварда, тафси баданро паст мекунад.
Чойи кабуд нӯшед
Ба шахсоне, ки чойнӯширо дӯст медоранд, маслиҳат медиҳем, ки дар фасли тобистон бештар чойи кабуд бинӯшанд, зеро дар таркиби он антиоксидантҳо хеле зиёд буда, иммунитети инсонро пурқувват месозад ва дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ ёрӣ мерасонад. Пайваста чойи кабуд нӯшидан касро аз хатари гирифторшавӣ ба бемориҳои дил ва рагҳои хунгари он эмин медорад. Чойи кабуд сатҳи холестеринро дар хун паст карда, ба тану ҷони кас неру мебахшад.