arzon replenishment
Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи модар дар шаҳри Хуҷанд
04.03.2025
Oila.tj
289

Бахшида ба Рӯзи модар имрӯз, 4-уми марти соли равон дар Беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, роҳбарияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд, занону бонувони фаъоли соҳаи тандурустии вилоят, аз ҷумла собиқадорон, олимон ва дигар кормандони соҳа чорабинии идона баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, муовини раиси вилояти Суғд зимни суханронии хеш доир ба саҳми занону бонувон дар рушду пешрафти Ватани азизамон ёдовар шуда, аз ҷумла саҳми ин қишри ҷомеаро дар таъмини солимии аҳолӣ назаррас арзёбӣ кардааст.

Дар идомаи чорабинии идона Хайрулло Ҳабибуллозода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд паёми табрикотии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозодаро ба самъи ҳозирин расонидааст.

- Дар анҷоми ҳамоиши идона як қатор бонувони фаъоли соҳа баҳри фаъолияти пурсамар бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД