gazprom august 2025
Чорабинии асосӣ ба муносибати ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кӯлоб мегузарад
05.09.2025
Oila.tj
186

Чорабинии асосии имсола ба муносибати ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

Инчунин, дар вилоятҳо ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Раёсати фарҳанги МИҲД-и шаҳри Душанбе хабар додааст, ки чорабинии асосии ҷашнӣ ба ифтихори Истиқлоли давлатӣ дар пойтахт рӯзи 9-уми сентябр, соати 19:00 дар майдони “Истиқлол” баргузор мегардад.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар ноҳияҳои пойтахт чорабиниҳои фарҳангӣ аз пагоҳ, 5-уми сентябр оғоз шуда, то 8-уми сентябр идома меёбанд.

Аз ҷумла, чорабинии фарҳангии ноҳияи Фирдавсӣ пагоҳ соати 17:00 дар Боғи Фирдавсӣ баргузор мешавад.

Чорабинии фарҳангии ноҳияи Сино рӯзҳои 7-ум ва 8-уми сентябр соати 17:00 дар Боғи Умари Хайём мегузарад.

Имрӯз, 5-уми сентябр соати 18:30 чорабинии фарҳангии ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ дар Амфитеатри Аҳорун барпо мешавад.

Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт чорабинӣ рӯзи 6-уми сентябр дар майдони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (майдони 800-солагии Маскав) баргузор мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД