Маҳсулоти лозима:
100 грамм равғани маска
80 грамм шакар
1 дона тухм
200 грамм орд
0,5 қошуқча сода
Барои ороиш:
130 грамм ширқиём
130 грамм сметана
130 грамм панири дилмашуда (творожный сыр)
1 дона тухм
1 қошуқ хамираи писта (фисташки паста)
1 қошуқ крахамал ва маводи рангкунандаи сабз
2 дона кивӣ
Тарзи таҳия:
Дар зарф равғани маска ва шакарро лат мезанем, сипас 1 дона тухм илова карда, лат заданро идома медиҳем, баъдан орд ва сода андохта боз каме лат мезанем ва бо даст хамирро мешурем. Ба қолаб равған молида, хамирро дар он мегирем. Барои дарунаш дар зарфи дигар ширқиём, сметана, панири дилмашуда, тухм, хамираи писта ва крахмалу маводи рангкунандаи сабз андохта, бо миксер хуб лат мезанем. Дар даруни хамир малҳамро мерезем ва дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа мепезем. Пас аз пӯхтан кивиро реза карда, дар болояш мечинем ва чизкейки хушлаззатро бо кивӣ оро медиҳем.
Бо иштиҳо бошед!