Сароянда ва блогери ҷавони тоҷик Абдурозиқ, ки бо намуди зоҳирии ғайриоддӣ ва садои хушаш тавонист дар муддати хеле кӯтоҳ дили миллионҳо мухлисонро ба даст оварад, боз як қуллаи дигарро фатҳ намуд.
Шумораи обуначиёиАбдурозиқ дар Инстаграм ба 1.2 млн нафар расида, аз устодаш пеш гузашт. Мененҷер ва продюсери Абдурозиқ, блогери машҳур Барон, ки ин ҷавони аҷибро ба саҳнаи шоу-бизнес овардааст, дар Инстаграм ҳамагӣ 609 ҳазор обуначӣ дорад. Аз ин бармеояд, ки шумораи мухлисони Абдурозиқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Барон ду баробар зиёдтар будааст.
Рӯзи 17-уми август Абдурозиқ дар Инстаграмм аз «верификация» гузашт ва минбаъд дорои саҳифаи ягонаи боваринок мебошад. Ногуфта намонад, ки дар Ютуб Абдурозиқ канали шахсӣ надорад ва бештар дар ютуб канали “Avlod MEDIA” наворҳояшро нашр мекунад. Маҳз бо шарофати Абдурзиқ шумораи обуначиёни “Avlod MEDIA” ба 446 ҳазор расидааст.
Блогери чечен Асҳоб Тамаев баъд аз оне ки муҳорибаи Абдурозиқро бо Ҳасбулло ташкил кард, шумораи обуначиёни ютуб каналаш ба 2.16 млн нафар расид.
Айни ҳол Абдурозиқ яке аз ҷолибтарин чеҳраҳои санъати тоҷик чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар мебошад.