Маҳсулоти лозима:
1-2 дона картошка, 2 қошуқ равғани зайтун, намак ва паприка мувофиқи табъ.
Тарзи таҳия:
Картошкаро то ҳадди имкон тунук реза кунед. Барои ин метавонед аз пӯстканак ё комбайн истифода баред. Табақи тафдони хурдмавҷро бо коғази пухтупазӣ пӯшонда, каме равғани зайтун молед. Картошкаҳои резашударо дар рӯи коғаз якқабата ҷойгир кунед. Ба болои картошка намак ва паприка пошед. Табақро ба тафдони хурдмавҷ гузошта, дар иқтидори пурра аввал 3 дақиқа пазед. Сипас вобаста ба ҳолати пухтанаш вақтро тадриҷан зиёд кунед. Дар маҷмуъ барои омода шуданаш тақрибан 8 дақиқа лозим мешавад.