Ман медонам, ки барои зан қошчинӣ ҷоиз нест. Оё иҷозат аст, ки зан мӯи болои лаб ё дигар ҷои рӯйро бартараф намояд? Ба хусус агар зан сермӯй бошад?
Фарида, ш. Ҳисор.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Дар Ислом барои зан фақат чидани мӯйи абрӯ ҷоиз нест. Бартараф намудани мӯи абрӯ намс аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) анҷомдиҳандаи онро лаънат кардааст ва аз ҷумлаи тағйири офариниши Аллоҳ аст, ки он амали шайтон аст. Ҳатто агар шавҳараш ӯро ба ин кор амр намояд, набояд ӯро итоат бикунад, зеро ин кор нофармонӣ аст. Итоат намудани махлуқ дар нофармонии офаридгор (Аллоҳ) ҷоиз нест, балки итоат танҳо дар корҳои хуб раво аст, чуноне ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст".
Дуввум: Бартараф намудани ҳамаи мӯйҳои бадан ҷоиз аст, ба ҷуз мӯи абрӯ. Дар фатовои Кумитаи доимӣ (17/130) омадааст:
"Далели бартараф намудани мӯи бадани зан, амал бар асос аст. Барои зан зарур аст, ки худро барои шавҳараш зинат бидиҳад. Ягон далеле вуҷуд надорад, ки онро манъ кунад, ғайр аз далелҳои наҳй аз намс, ки он бартараф намудани мӯи абрӯҳо аст". Ҳамчунин дар он фатово (5/197) омадааст: "Ҳукми Ислом дар мавриди кандани мӯе, ки байни ду абрӯ мерӯяд, чист? Кумита чунин посух гуфт: Кандани он ҷоиз аст, зеро он аз абрӯҳо нест".