Рӯзи 7-уми феврал дар маҷмааи “Кохи Парфенон”-и пойтахт соати 10:00 маросими қуръакашии тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2025 баргузор мешавад.
Бино ба иттилои Лигаи олии футболи Тоҷикистон, тибқи натиҷаи соли 2024 бошгоҳи "Куктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ Лигаи олии чемпионатро тарк намуд. "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъ, ки ғолиби лигаи якум гардид, соли 2025 ҳуқуқи иштирок дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олиро пайдо кард."Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар бозиҳои гузаришӣ бар "Парвоз"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғалаба карда, дар Лигаи олӣ боқӣ монд.
Мавсими нави чемпионати Тоҷикистон рӯзи 7-уми март оғоз мегардад ва дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар натиҷаи бозиҳои 22 давр дастаи зинаи охирин ба лигаи якум мефарояд, чемпиони лигаи якум бошад, мустақиман роҳхат ба лигаи олӣ пайдо мекунад. Дастаи зинаи 11-уми лигаи олӣ бошад, бо барандаи медалҳои нуқраи лигаи якум ду бозии гузаришӣ анҷом медиҳад.