Arzon march 2024
“Человек паук”-и аштиро дастгир карданд
1654

 Овозаи дар ноҳияи Ашт пайдо шудани як ҷавони паррончак ва ба қавли мардум “человек паук”, ки   хонаи мардумро оташ мезад, ҳанӯз се моҳ пеш миёни мардум паҳн шуда буд.

Мардуми минтақаи Ашт, ба хусус шаҳраки Шайдони ин ноҳия дар тарсу ваҳм буданд, ки ин одами ноаён мабодо дар набудани онҳо ё нимашабӣ омада хонаи дари онҳоро ҳам насӯзонад.

Се моҳ пеш дар тамос бо мо низ чанде аз сокинон гуфта буданд, ки “як одам пайдо шудааст мисли “человек паук” аст. Сар сари хонаҳои мардум парида-парида мегардад. Ҳама ҳоло бо тарсу ҳарос зиндагӣ мекунанд. Ҳатто шарҳҳо гузошта, кормандони милитсия ноҳия барои дастгир кардани ин одами зараррасон кушиш карда истодаанд. Як манба ба мо гуфта буд, ки гӯё ин ҷавон гирифтори бемории рӯҳӣ буда, аз беморхона касалиҳои руҳӣ гурехта, амалҳои иҷромекардаашро худаш намедонад.

“Человек паук” – Меҳроҷ Қаҳҳоров будааст

Дар аввал кӯшишҳои мо барои маълумоти дақиқ ба даст овардан сари ин овоза бенатиҷа буд. Ниҳоят нимаи моҳи сентябр кормандони мақомоти милитсияи ноҳияи Ашт парда аз рӯйи ҳақиқат бардошта, “человек поук”-ро дастгир намуданд. Ин ҷавон бо амалҳояш мардумро ба таҳаллука афтонида, хонаи 3 сокини ин ноҳияро бесабаб оташ зад. Ӯ Қаҳҳоров Меҳроҷ Ҳошимҷонович, соли таваллудаш 1998 зодаи шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт будааст.

Ин ҷавони эҳсосӣ баъди он ки ба хонаи духтари дӯстдоштааш хостгор мефиристаду наздикони духтар монеи фотеҳашавии онҳо мешаванд, пеши худ мақсад мегузорад, ки ба онҳое ки сабаби ба дӯстдоштааш нарасидани Меҳроҷ шуданд қасос бигирад, онҳоро тарсонад ва зарарашро расонад.

Меҳроҷ барои “пеши табарро пахта гирондан” хонаи дигаронро мавриди сӯхтор қарор дод. Ба ҳавлии ду нафар, ки ба муносибати ин ҷавон ва духтари дӯстдоштааш алоқаманд набуданд даромада, аввал ҳезумҳое, ки дар кунҷи ҳавлӣ ҷамъоварӣ шуда буд, оташ зад. Ҳамчунин, се хонаи сокинони осоиштаро, ки дар кӯчаи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бунёд шуда буданд, оташ зад.

Миқдори зарарро кормандони мақомоти милитсияи Ашт беш аз 3000 сомонӣ арзёбӣ кардаанд.

Бино ба гуфти масъулини Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҳадафи асосии ин ҷавон гирифтани қасос аз наздикони духтари дӯстдоштааш мебошад.

Тавре худи ӯ иқрор шудааст, барои пинҳон кардани ҷинояташ аввал хонаи ду сокини бегона, ки ба духтари дӯстдоштааш умуман пайвандӣ надоштанд, оташ зада, пас аз ин хонаи он нафаре ки зидди фотеҳаи Меҳроҷ ва маъшуқааш буд, оташ задааст. Мақсади ҷавон қасосгирӣ ва тарс додани наздикони духтарак будааст, ки монеи фотеҳа ва туйи онҳо шудаанд.

Тибқи ин ҳолат нсибати гумонбаршаванда, бо моддаи 255 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти он идома дорад.

 

Идора накардани эсос ба ҷиноят мерасонад

Сол то сол сафи ҷинояту ҷинояткорӣ, суйқасди худкушиву худкушӣ миёни ҷавонону наврасон меафзоид. Собиқ сардори Раёсати корҳои дохила дар вилояти Суғд Шарифзода низ дар посух ба саволи “сабаби афзоиши худкушӣ миёни ҷавонон” гуфта буд, ки   дар бештари маврид ба ишқу ошиқӣ, эҳсоси ракшу хусумат ва қасосгирию миёни сабаб мешавад, ки ҷавонону наврасони мо худро идора карда натавониста даст ба ҷиноят бизананд.

Кирдори ҷинояткоронаи як ҷавон аз ноҳияи Ашт айнан ба ҳамин таҳлили масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят рост меояд.

Қаҳҳоров Меҳроҷ Ҳошимҷонович, соли таваллудаш 1998 зодаи шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт буда, аз эҳсоси ишқу оқишии нобарор даст ба ҷиноят зад ва имрӯз дар курсии айбдорӣ нишастааст.

Фарзона Муродӣ

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД