Arzon march 2024
Чаро зан бармаҳал пир мешавад?
1470

Дар ҷаҳон бонуе нест, ки орзуи пӯсти тозаву беожангро надошта бошад. Ҳама зебо будан мехоҳанд, вале ҳусну малоҳат ғамхорию заҳмат металабад. Ҳамеша дилкашу дилрабо будан хоҳед, худатонро дӯст доред ва нисбати пӯстатон пайваста ғамхорӣ зоҳир намоед. Фаромӯш накунед, ки пӯсти рӯй хушк ва сурх шавад, зуд ожанг пайдо карда, дар назар пир менамояд. Барои бо чунин мушкилот дучор нашудан чораҳои фаврӣ бояд андешид. Варзиш, хоби бароҳат, реҷаи дурусти кору истироҳат, риояи қоидаҳои гигиенӣ, ғизои солим сарчашмаҳои асосии зебоии инсонанд.

Муъҷизаи асал
Яке аз воситаи беҳтарин, ки тули асрҳо самаранокиаш санҷида шудааст, асал мебошад. Беҳуда нест, ки машҳуртарин фирмаҳои косметологии ҷаҳони муосир ба таркиби маводҳои ороишии истеҳсол мекардаашон асалро ворид месозанд. Асал ба шарофати хусусияти ғизобахшӣ ва табобатияш дар нигоҳубини пӯсти рӯй нақши калидиро мебозад. Асал пӯстро мулоим намуда, хушкияшро бартараф месозад. Пӯсте, ки аз асал сер шудааст, зебою пурҷилою ботароват менамояд. Косметологон ба ҳамин хотир ба мизоҷонашон маҳз асалро тавсия медиҳанд.
Ниқоби ҳуснафзо
Барои тайёр кардани ниқобҳо асали тоза ё асали бо дигар маҳсулотҳо омехта гардонидашуда (об, спирт, глитсерин, шарбати лимӯ, зардии тухм, орд ва ғ) истифода бурда мешаванд. Пеш аз тайёр кардани ниқоб як нуктаи муҳимро дар хотир бигиред, ки истифода бурдани ниқобҳои асалӣ ба бонувоне, ки пӯсташон сурх мешавад ё аз ҳад зиёд ҳассос ҳастанду аз асал аллергия доранд ва ба касоне, ки асал хӯрда наметавонанд, тавсия дода намешавад.
Инак, чанд ретсепти асалиро пешкаши шумо месозем.

Ниқоб барои пӯсти хушк
Ба як дона тухми хом як қошуқ глитсерин ва асал илова намуда, маҳлулро ба пӯсти рӯятон моледу 10-15 дақиқа нигоҳ дошта, сипас бо об рӯятонро нағзакак бишӯед. Чунин ниқобро ҳамарӯза қабл аз шустани рӯй молидан мумкин аст. Ниқоби мазкур пӯсти хушкро нарм гардонда, пайдошавии чинҳоро пешгирӣ менамояд.

Ниқоби тароватбахш
Ба як қошуқча асали тунук як қошуқча глитсерин андохта, орди гандумро кам-кам иловакунон омезиш диҳеду сипас ба рӯятон молед. Ниқобро ҳафтае 1-2 бор дар давоми 1,5 моҳ молед, муъҷизаашро бо чашми худатон мебинед. Табобатро баъди 3 моҳ такрор кардан мумкин аст.

Ниқоби поккунанда
Як қошуқча асалро бо як қошуқча глитсерин ва як қошуқча орд нағзакак омезед. Ба маҳлул 2 қошуқ об рехта ба рӯю гарданатон молед, пӯстатонро нарму ботароват месозад.

Ниқоб аз лимӯ ва асал
100 г асалро бо шарбати як дона лимӯ омехта, маҳлули ҳосилшударо ба рӯятон тунук моледу 10 дақиқа нигоҳ дошта, баъдан бо оби хунук рӯятонро нағзакак бишӯед. Қандоби ҳосилшударо муддати мадид дар яхдон нигоҳ доштан мумкин аст. Ин ниқобро ба пӯсти рӯю гардан субҳгоҳон мемоланд. Ниқоби мазкур барои пӯсти хушку муътадил тавсия дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД