Arzon march 2024
Чаро талабаи мактаб дар вақти машқ оташ гирифт?
1929


Рӯзе қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он чи тавр дар вақти машқи сӯхторхомӯшкунӣ дар мактаб оташ гирифтани сару либоси яке аз хонанадагон тасвир ёфтааст.

Дар навор дида мешуд, ки ҷавони оташгирифта ба даҳшат афтида, дар ҳавлии мактаб ҷонҳавл худро ба ҳар тараф мезанад. Ду нафар бо сару либоси ҳарбӣ аз пасаш давида мехоҳанд ӯро ба рӯйҷое печонанд, то ки оташ хомӯш шавад, вале ин кор ба онҳо даст намедиҳад.

Билохира, ҷавони либосаш аз қисматитахтапушт ва даст оташ гирифта раҳоӣ ёфта, бо талошҳои худ оташро хомӯш месозад. Дар навор сӯхтани даст ва тахтапушти хонанда намоён аст.

Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз паси санҷиши навори мазкур шуда, муайян намуд, ки ин ҳодисаи мазкур рӯзи 6-май дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 67-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯй додааст.
Аз рӯйи нақша дар мактаб барои хонандагони синфҳои болоӣ машқи амалиётҳои наҷотбахшӣ дар ҳолатҳои фавқуллода гузаронида мешуд. Ҳангоми машқи хомӯш кардани сӯхтор оташ якбора ба либоси яке аз хонандагони синфи 10 часпида, ду хонандаи дигар кӯшиш кардаанд, ки ба ӯ ёрӣ расонида, оташро хомӯш созанд, вале ин кор ба онҳо муяссар нагаштааст. Хушбахтона, ҷавон тавонист оташро худаш хомӯш созад.
Тавре ки манбаъ менависад, хонандаи бо талоши худаш оташро хомӯш сохта, бар асари ин ҳодиса ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст, вале то кадом андоза хавфнок будани ҷароҳатҳояш оварда нашудааст.
Таҳқиқоти сабабҳои сар задани ин ҳодисаи нохуш аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД