Саҳарии имрӯз ба таксии рақами 8, ки ҳамарӯза маро то ҷойи кор меовард, савор шудам. Фикр кардам, ки ронанда мисли ҳарвақта бақияи 10-сомонаро медиҳад. То қарибии ҷойи кор омадем, аммо ӯ бақияро надод.
Яке аз мусофирон пеш аз фаромадан бақияашро талаб кард, вале ронанда гуфт, ки роҳкиро 10 сомонӣ аст. Ӯ пулашро нагирифта, бо овози паст чизе гуфту рафт.
Ман низ бақияамро хостам, аммо ронанда посух дод, ки аз ҳамин саҳар ҳамаи таксиҳои инфиродӣ 10 сомонӣ шуданд. Бо ӯ каме тунд сухан кардам ва гуфтам, ки пеш аз савор кардани мусофир гӯед, ки роҳкиро 10-сомонӣ аст, он вақт худи шахс интихоб мекунанд, ки ба таксӣ савор шавад ва ё не.
Сипас, ронанда иброз дошт, ки нархи газ аз 7 сомонӣ гузашт, бензин бошад қариб 11 сомонӣ аст ва дар нуқтаҳои сӯзишворӣ барои газу бензин навбат меистанд. Бар замми ин, бензину газ ҳам дар ҳамаи нуқтаҳо нест.
Бояд гуфт, ки то соли 2018 нархи ин гуна таксиҳо 3 сомонӣ буд, баъдан, 5 сомонӣ шуд. Ниҳоят он ба 7 сомонӣ расид ва имрӯз бошад 10 сомонӣ шудааст.
Чаро пеши ин болоравиро ягон мақомоти дахлдор намегирад? Барои чӣ нархгузории чунин таксиҳоро касе назорат намекунад, ки ронандаҳо худсарона роҳкироро боло мебаранд? Арзиши газу бензин ҳам бе назорат аст. Лек мардум ин ҳамаро қабул мекунанд, чун ронандаҳо як ҷавоб доранд: газу бензин қимат шуд!