shoh palace
Чаро сутунмӯҳраи кӯдак каҷ мешавад?
652


Сколиоз - каҷшавии сутунмӯҳра аз давраи кӯдакӣ оғоз ёфта, сабабҳои асосиаш нодуруст нишастан дар пушти партаи мактабӣ, зери бори гарони сумкаи пур аз китоб (рюкзак) қад шудани сутунмӯҳраи кӯдак, зарба хӯрдан ё афтидан ҳангоми шӯхию бозӣ бо ҳамсолон ва суст будани фаъолияти мушакҳои кӯдакону ноболиғон мебошад.

Бояд қайд кард, ки дар аксари ҳолатҳо танҳо дар 12-14-солагӣ каҷ шудани сутунмӯҳраи кӯдакро пай бурдан мумкин аст, бинобар ин, падару модаронро лозим аст, ки ба саломатӣ ва симои зоҳирӣ ва ҳолати фарзандонашон диққати ҷиддӣ дода, бо пайдо шудани аввалин аломатҳои каҷшавии сутунмӯҳра ҳатман кӯдакро ба духтур баранд. Маъмулан сколиоз бо дард дар қисмати гардан ва тахтапушт аз худ дарак дода, баъдан дастон ба дард медароянд.

Шахсе, ки ба сколиоз гирифтор шудааст, ҳангоми роҳгардӣ мисли одами маст бар ҳар тараф мекалавад. Нишонаҳои дигари беморӣ камҳаракатӣ ва карахт шудани панҷаҳои даст мебошад. Барои пешгирии беморӣ ҳанӯз аз синфи 1-ум ба саломатӣ ва тарзи нишасти кӯдак дар курсии мактабӣ диққат додан лозим аст. Ба фарзандатон фаҳмонед, ки вақте пушти миз мешинад, бояд ба курсӣ хуб такя диҳад ва дастонаш баҳузур дар болои миз гузошта шуда бошанд, то вазни баданаш ба сутунмӯҳра гаронӣ наорад. Талқин намоед, ки ҳангоми роҳгардӣ қоматашро ҳамеша рост гирифта, сарашро боло бардошта гардад.

Барои он ки фарзандони шумо ба сколиоз гирифтор нашаванд, ҳамчунин аз хурдӣ ба тарибияи ҷисмонӣ машғул шуданашон зарур аст, махсусан футбол, оббозӣ ва рақс барои пешгирии ин беморӣ таъсири хуб мерасонанд.
Тавре ки дар оғоз таъкид кардем, зери бори гарони сумкаи пур аз китоб низ сутунмӯҳраи кӯдак каҷ шуда метавонад, бинобар ин, ба кӯдакон сумкаҳои аз ҳад калон нахаред. Бандҳои сумка бояд васеъ ва пушташ аз матоъи нарм бошад.

Фарзандатон хурдсол бошад, таъкид кунед, ки ҳамаи китобҳоро ҳар рӯз ба сумка бор карда бурдан шарт нест, бигзор кӯдак мувофиқи ҷадвали дарсӣ танҳо китобҳои барои машғулиятҳо заруриро ба мактаб барад. Аксари кӯдакон сумкаи дукитфаро ба як китфашон меандозанд, ки оҳиста-оҳиста ин одати кӯдакона боиси каҷ шудани сутунмӯҳра мегардад, бинобар ин, диққат диҳед, ки фарзандатон ҳарду китфаки сумкаро гузаронад, то вазни баробар тақсим шуда ба сколиоз гирифтор нашавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД