Formula novemver 2024
Чаро Шукрбону калтакалос таваллуд кард? (қисми 1)
30.04.2022
Оила
2908

Писари деҳа
Кампири Зулф аз дори дунё як писар дошт, писараш Гадоӣ ном дошт, зеро ў понздаҳ сол аз даргоҳи Худо ин неъматро талбида буд. Худованд ба ў ва шавҳараш Шаъбоншоҳ хеле дер писар ато намуд, вале яккаписарашон на эркаву танбалу бекорхоҷа, балки ҷони одам буд.

Аҳли деҳа ба Гадоӣ меҳри беандоза доштанд, зеро ин ҷавони хушахлоқ пишаки касеро пишт намегуфт. Ҳамин ки каме калон шуд, навбати подаи кампири Зулайхоро, ки баъди фавти ягона духтари арўсияш дар кўлбаи канори деҳа ғамзадаву танҳо мезист, мебурд. Бузҳояшро метарошид, алафи ҳотаашро дарав мекарду хонаҳояшро рағду андова менамуд. Барои мўйсафеди Анҷир, ки фарзанд надошт, дастёри беминнат буд, хурду калони деҳа чӣ хоҳише кунанд, ба ҷону дил иҷро мекард. Падару модараш аз хислати писарашон хушнуд буданду дуои ҷонашро мекарданд, ҳеҷ гоҳ намегуфтандаш, ки кору бори бегонаҳоро накун, онҳо барои ту кӣ мешаванд? Гадоӣ нав ба понздаҳ қадам монда буд, ки падараш давлати писари ягонаашро надида, аз олам гузашт. Дар ҳамон синну сол Гадоӣ дар колхоз ёрдамчии оброн шуда, ба кор даромад, модар аз маоши аввалини писараш як бузак харида, онро кушту барои мардум оши худоӣ дод. Гадоӣ баъди хатми мактаб низ ба ҷое азми хондан накарду ба кори саҳро майл намуд, дар замини наздиҳавлигияшон боғи хубе бунёд намуд ва аз фурўши меваҳои боғу сабзавоту чорво пули хубе меёфт. Чун ба бист қадам ниҳод, модар ўро зан доданӣ шуд…
Арўси хушкарда
Гадоӣ духтари бригадири деҳа Асолатро дўст медошт, Асолати нозанин ҳам ба нигоҳҳои пурмуҳаббати ҷавони қоматбаланди абрўсиёҳ бо табассум ҷавоб медоду дилашро хонаи меҳр мекард. Чун модар келини интихобнамудаи писарашро фаҳмид, дилаш дар таҳ зад ва гуфт:
-Бачам, ману ту кӣ ҳастем, ман як бевазан ту як сағираи пойлуч, соҳиб ҳам надорем. Падарат як амма дорад, ки дар кўҳистони дур зиндагӣ мекунад, бародари ман тағоят низ як марди камбағал, оё Нафаси бригадир розӣ мешуда бошад, ки нозанинашро ба ту диҳад?! Асолат ғоибона мехонад, муаллима аст, ба гумон, ки гапи моро гирад…
Гадоиро аз табассумҳои духтар дилаш пур буд ва гуфт:
-Оча, солҳои бою камбағалӣ гузашта рафтанд, ман аз ҳеҷ кас кам нестам, бояд розӣ шаванд.
Кампири Зулф хоҳам нахоҳам дастархон оросту ба хостгорӣ хонаи сернуфузи Нафаси бригадир рафт. Раҳ ба раҳ андеша мекард, ки бачаи беақл, Нафас чор писару як духтар дорад, хонааш сермеҳмони бозори гардон, оё розӣ мешавад, ки ту домодаш бошӣ…
Ғайричашмдошти кампири Зулф, бригадиру занаш ўро хуб пешвоз гирифтанд, чун ў дар бораи хостгор буданаш гап кушод, Нафас гуфт:
-Хола, хостгор ин хел беғайрат намешавад да! Ман Гадоиро худам дўст медорам ва ифтихор мекунам, ки ў домоди ман шавад. Агар духтар розӣ бошад, мо ҳам розӣ! -Модараш рафта, Асолатро пурсиду розигияшро гирифта баргашт, кампири Зулф аз шодмонӣ дар куртааш намеғунҷид…

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД