Formula novemver 2024
ЧАРО СЕРЖАНТ САИДОВ 22 СОЛ ЗИНДОН ШУД?
1535


Ҳодисаҳои дуздию авбошӣ вақтҳои охир дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атроф тез-тез рӯй дода, боиси зарар дидани шаҳрвандон мегарданд.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе хизматчии ҳарбӣ Саидов Исматуллоро барои дуздию ғоратгарӣ ба мӯҳлати 22 сол равонаи зиндон намуд. Саидов ҷазоро дар колонияи ислоҳии низомаш сахт адо хоҳад кард.

Сержант чӣ гуноҳи азиме содир намудааст, ки ба чунин ҷазои сахт грифтор гашт? Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан дафтари аъмоли ӯро варақгардон мекунем.

Сержанта хурд Саидов Исматулло соли 2018 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, дар як қисми низомии воқеъ дар ноҳияи Рудакӣ хизмат мекард. Рӯзи 1-декабри соли 2019 тахминан соатҳои 02:20 дақиқа ин сарбози беандеша тибқи маслиҳати пешакӣ ҳамроҳи Набиев Комилҷон ва Муртазоев Ҷамшед ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, яъне заправкаи “Ғайрат-82”, воқеъ дар ноҳияи Рудакӣ ворид шуда, хазинадорро лату кӯб мекунанд ва 26820 сомониро ба яғмо мебаранд. Ҳамин тавр ин афроди ҷинояпеша ба қавле “мазахӯрак” шуда, моҳи феврали соли 2020 соатҳои 01:20-и шаб тибқи маслиҳати пешакӣ бо ҳаммаслакаш Набиев К. А. дар рӯйҳояшон ниқобу дар даст калтак вориди хонаи як сокини ноҳияи Шаҳринав мешаванд ва ҳамсари ӯро тахдид намуда, пулу мол ва зару зевар талаб менамоянд, вале ба мақсади нопоки худ расида натавониста, фирор менамоянд. Хоҳиши ба даст овардани пули муфт сарбозро ором намегузошт ва ӯ ноболиғ Холиқов Баҳриддинро бо ваъдаҳои осмонӣ аз роҳ зада, ба содир намудани ҷинояти махсусан вазнин ҷалб менамоянд. Саидов аз орут мводи таркандаи худсохт сохта, мусалла ҳмешавад ва ҳамроҳи ноболиғ Холиқов ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Газпромнефт-Тоҷикистон”, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Сомон, деҳаи Шуроб ҳамла менамояд Бо мақсади тарсондани кормандони ин даргоҳ онҳо аввал намоишкорона маводи таркандаро даргиронда ба дохили мағоза мепартоянд.

Дар натиҷа таркиш ва бесару сомонӣ ба амал меояд. Ғратгарон аз фурсат истифода бурда, бо чӯбдаст муҳофизро зада, аз хазинаи нуқтаи мазкур 1490-сомониро гирифта, фирор мекунанд. Тавре ки мебинед, номаи аъмли сержант хеле “бой” аст, ғайр аз ин, Саидов бо ду ноболиғи дигар қулфҳои дари даромади мағозаи хӯроквории “Ниёгон” воқеъ дар шаҳри Хисорро шикаста, ба маблағи 2762 сомонӣ маҳсулот дуздидааст, вале тавре ки мегӯянд, бори каҷ ба манзил намерасад. Билохира, Саидов Исматулло боздошт ва бо чор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон-моддаи 195 қисми 2 банди “а” (ғайриқонунӣ соҳиб шудани воситаҳои таркиш), 249 қисми 4 бандҳои “б, в” (Роҳзанӣ), 244 қисми 2 бандҳои “а, б, в, г” (Дуздӣ) ва 165 қисми 4 банди “б” (Ҷалби ноболиғон ба содир кардани ҷиноят) айбдор ва ба мӯҳлати 22 сол равонаи зиндони низомаш шадид гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД