Кулоҳ ба сар кунем ва дар ҷойҳои заруриро онро кашем, мӯйҳо бесару сомон ва қату шикаста мегардад,аз ҳамин сабаб аксарияти одамон дар фасли сармо пӯшидани кӯлоҳро дӯст намедоранд.
Вале напӯшидани кулоҳ дар сармои зимистон беэътиноӣ нисбат ба саломатиро нишон медиҳад. Дар ин бора сомонаи wbay чунин навиштааст:
“Тағйирёбии намӣ дар зимистон ё дар давраи гузариш аз сардӣ ба гармӣ ба хушк шудани пӯсти сар мусоидат мекунад. Ин дар навбати худ метавонад ба сафедшавии мӯй ва хушкии пӯсти сар оварда расонад. Мӯйҳо аз сабаби ҳамаи ин омилҳо хушк ва шикаста мегарданд.”
Қабати чарбуи пӯст дар минтақаи косахонаи сар хеле тунук буда, боиси зуд сард шудани он мегардад, бинобар ин, системаи терморегуляция, ки бевосита ба системаи асаб алоқаманд аст, сахт кор мекунад. Дар пӯсти сар триходиния (дарди сар) мушоҳида мешавад. Илова бар ин, он метавонад себорея ё дерматитро бадтар кунад. Он ҳатто боиси илтиҳоби асабҳо мегардад.
Дар ҳарорати паст тангшавии рагҳо ба амал меояд. Азбаски фолликулаи мӯй як узви хеле нозук аст, ки бо хун фаъолона таъмин карда мешавад, мӯй ба қадри кофӣ маводи ғизоӣ намегирад.
Ин, дар навбати худ, метавонад боиси кам шудани давомнокии марҳилаи афзоиши мӯй ва баъд аз он, рехтани мӯй шавад. Пӯшидани кулоҳ дар ин марҳила яъне сармои зимистон ингуна бемориҳоро метавонад пешгирӣ намояд.
Барои дар фасли зимистон дар ҳолати хуб нигоҳ доштани мӯй чӣ бояд кард?
- дар бораи сарпӯшҳо фаромӯш накунед: беҳтар аст, ки ба сарпӯшҳо аз матоъҳои табиӣ афзалият диҳед;
- сатҳи намии ҳуҷраро назорат кардан лозим аст, тавсия дода мешавад, ки режими моеъ риоя карда шавад;
-барои нигоҳубини мӯй бояд шампунҳо ва ниқобҳои ғизодиҳанда, намноккунанда истифода шаванд.
Як варианти бениҳоят муҳим барои нигоҳ доштани мӯйҳои солим пӯшидани кулоҳ аст.
Новобаста аз он ки мӯйҳо пас аз ба бар кардани кулоҳ зебоияшонро гум мекунанд бояд кулоҳ ба бар карда шавад.
Ҳамчунин даст кашидан аз кулоҳ аз он далолат медиҳад, ки Шумо аз саломатии бардавоми худ даст кашида истодаед. Барои худро пас аз пӯшидани кулоҳ ноҳинҷор ҳис накардан кулоҳои мувофиқ ба либоси мепӯшидаатонро интихоб намоед.
Абдуғаффор Шодиев