arzon replenishment
Чаро пойҳои зани ҳомиладор раг мекашад?
1054

Дар бисёр ҳолат пойи занҳои ҳомиладор дард мекунаду дар ниҳоят ба раг кашидан сар мекунад. Ин вазъият ниҳоят нороҳаткунанда ва дарднок аст.

Одатан ин рагкашӣ дар шаб ва вақти истироҳати модар пайдо мешавад ва 2-3 дақиқа ва ҳатто зиёдтар тӯл мекашад. Модарон ин давраро ба сахтӣ паси сар мекунанд. Гоҳҳо ин ҳолат то тавалуд давом мекунад.

Рагкашии пойҳо сабабҳои гуногун дорад. Бисёр вақт норасоии витамин гуфта, модарон аз пеши худ ҳар намуд минереалу витаминҳоро истеъмол мекунанд, ки ин тамоман нодуруст аст. Ҳатто бо роҳи табобати халқӣ ҳам рагкашии пойро табобат кардан хатарнок аст. Шояд ин амал ба кӯдак таъсири манфӣ расонад.

Барои пешгирӣ намудани рагкашӣ метавон пойҳоро маҳс намуд. Зани бордор метавонад аз падари кӯдакаш кӯмак хоҳад. Маҳс ҳам ба модару ҳам ба кӯдак форам аст. Сониян, ҳаракатҳои махсус барои рафъи дарди пас аз рагкаширо иҷро кардан мумкин аст.

Норасоии об низ барои рагкашии пойҳо баҳона буда метавонад. Инчунин, исбот шудааст, ки норосаии об дар бисёр маврид барои модару кӯдак хатарнок аст.

Бояд зикр намуд, ки дигар намуди нӯшокиҳо ба монанди афшура, оби мева ва ё нӯшокиҳои гуногун ҷойи обро гирифта наметавонанд. Яъне, он ҷойи худ ва об низ ҷойи худро дар организм мегирад. Бо сабабе, ки кӯдак тамоми ғизоро аз модар мегирад, талаботи об дар организм дар давраи ҳомиладорӣ дукарата зиёд мегардад. Аз рӯи стандарти тиббӣ барои ҳар 1 кг 30мг обро бояд нӯшид.

Албатта, заноне, ки дилашон обро намехоҳад, набояд онҳоро лаби ҷумаки об нишонду маҷбур кард, ки нӯшанд. Дар авал камтар ва оҳиста - оҳиста метавон миқдорашро зиёд намуд.
Агар ҳамаи ин амалҳо пеши роҳи рагкаширо нагиранд, ҳатман бояд ба духтур муроҷиат намуд. Духтур ҳолатро дида, бояд ба хулосае ояд, ки кадом витамину минералҳо намерасанд ва онро тавсия медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки аз меъёр зиёд будани витамин мисли камбудии он хатарнок аст. Ба ин хотир, аз пеши худ ин фоиданоку он фоиданок гуфта, истеъмол карданаш тамоман нодуруст аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД