arzon replenishment
Чаро пойҳо арақ ва бӯйи бад мекунанд?
22.03.2022
Оила
3051

 Арақ кардан вабӯйи бади пойҳо мушкилест, ки бисёриҳо, ҳатто баъзе афроди шаҳрнишин ва ба қавле “олуфта” низ аз он азият мекашанд. Ҳолатҳое мешаванд, ки кас аз шарм дар ҷойи бегона пойафзлашро намекашад, то ки бӯйи бади пойҳояш ба машоми дигарон расида, табъи ҳозиринро хира насозад, вале нороҳат шудану шарм доштан роҳи ҳалли масъала нест. Барои халосӣ аз ин мушкилӣ сабабҳои арақ ва бӯйи бад кардани пойро муаян намуда, аз пайи табобат шудан лозим аст.

Ба духтур равед, агар...

Аз ҳад зиё дарақ кардан ва бӯйи бад метавонад нишонаи баъзе бемориҳо бошад, аз ҳамин хотир ашхсое, ки мушкили арақкунӣ ва бӯйи пой доранд, бояд ба саломатии худ диққати ҷиддӣдиҳанд. Ҷисми шумо табиатан серарақ бошад, боке надорад, вале вақтҳои охир бисёр арақ мекардагӣ шуда бошед ва пойҳоятон бӯй кунанд, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед, зеро ин метавонад нишонаи бемориҳои ҷиддӣ бошад. Маъмулан зимни чунин бемориҳо одам бисёр арақ мекунад:

1. Касалиҳои саратонӣ.

2. Бемории лимфоузелҳо.

3. Касалии сил.

4. Касалииқанд.

5. Бемории ғадуди сипаршакл-зоб.

6. Иллати ғадудҳои болои гурда.

7. Саршавии климакс дар занҳо.

8. Мағора-грибоки пой.

Солимед, вале пойҳоятонбӯймекунанд?

 

Духтур баъди ташхис муайян намояд, ки шумо комилан солим ҳастед ва узвҳоидаруниатон ягон дарду иллат надоранд, дар ин сурат мушкилиро дар пойафзол ва ё худи пойҳо ҷустуҷӯ кардан лозим аст. Сабабҳои арақ ва бӯй кардани пойи одами солим инҳоянд:

1. Пӯшиданипойафзоли танг.

2. Пойафзоли бесифате, ки ҳаворо намегузаронад.

3. Пӯшиданиҷӯробҳои аз матоҳои сунъӣ тайёршуда.

Ногуфта намонад, кипӯшидани ҷӯробҳои аз матоъҳои синтетикӣ тайёр шуда метавонад боиси пайдо шудани бемориҳои замбурӯғии пой-грибок гардад. Хоҳед, ки пойҳоятон солим бошанд ва ягон хел бӯй накунанд, ҳамеша ҷӯробҳои пахтагин пӯшед.

Барои рафъ бӯйи пой чӣ бояд кард?

Барои он ки пойҳои шумо арақ ва бӯйи бад накунанд, ба қоидаҳои зерин риоя намоед:

1. Тозагӣ ва гигиенаи шахсиро фаромӯш накарда, тез-тез оббозӣ кунед.

2. Пойҳоятонро дар як рӯз ақаллан ду маротиба бо оби гарм ва собун бишӯед.

3. Ҷӯробҳоятонро ҳар рӯз иваз кунед ва тоза шуста хушконед.

4. Бегоҳ, баъди аз кор омадан пойафзолатонро тоза карда, дар фасли тобистон дар офтоб ва тирамоҳу зимистон дар назди бухорӣ ё ягон асбоби дигари гармидиҳанда нағзакак хушккунед, то ки дар он бактерияҳо ҷамъ нашаванд.

5. Ҳаргиз ҷӯроб ва пойафзоли каси дигарро напӯшед, ҳатто аз падару модар ва хоҳару бародаронатонро.

6. Вақте ки ба ҳаммом, сауна, бассейн ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ меравед, албатта бо худ пойафзол бурда, ҳаргиз пойи луч қадам назанед, зеро дар чунин ҷойҳо хавфи ба осонӣ гирифтор шудан ба бемориҳои замбурӯғӣ хеле зиёд аст.

7. Дар хонаи худатон низ пеш аз даромадан ба ҳаммом ва ҳоҷатхона ҳатман фарши ҳаммом ваташнбро бо моддаҳои кимиёвие, ки микробу бактерияҳоро несту нобуд месозанд, нағзакакшуста, баъд оббозӣ кунед.  

8. Ҳафтаеа қаллан ду маротиба пойҳоятонро муддати 15-20 дақиқа дар оби гарм бигиред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД